Дар ноҳияи Чортоқи вилояти Намангон баҳри баланд бардоштани иқтидори интеллектуалии ҷавонон, тарғиби васеи маданияти мутолиа боз як лоиҳаи муҳим ба амал бароварда шуд.
Дар маҳаллаи ба номи Алишери Навоӣ китобхонаи капсулавии замонавӣ – «Маскани зиёи ҷавонон» ба истифода супурда шуд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ, ки бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонон барпо гардид, ҳокими ноҳия Илҳом Сатторов, директори маркази ахбору китобхонаи ба номи Нодирабегими вилоят, масъулони соҳа, китобхонони ҷавон ва намояндагони ҷомеа иштирок намуданд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки дар мамлакатамон барои дастгирии ҳаматарафаи ҷавонон, таҳсил ва худомӯзии онҳо имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Ба кор оғоз намудани китобхона яке аз чунин саъю ҳаракатҳои нек ба шумор меравад.
Китобхонаи капсулавӣ бо адабиётҳои бадеӣ, асарҳои классикии ҷаҳон ва муосир, илмиву оммавӣ таъмин буда, ҳамчун маскани маърифати замонавӣ баҳри ғанӣ гардондани дониши ҷавонон хидмат мекунад.
Дар сурат: китобхонаи капсулавии замонавии «Маскани зиёи ҷавонон» дар маҳаллаи Алишери Навоӣ.
Суратгир: Ҳ. Мамадалиев. (ӮзА)