Марги фоҷиавии даҳмардаи пир дар як нафас дар обрави Чашмаи Кабӯтарон овозаву дарвоза шуд. Мӯйсафеди Солеҳбой он субҳгоҳон ба назди наберааш, ки дар шафати Зовисафед рама мепоид, барояш обу нон мебурд. Саворе дар нимароҳ рӯбарӯяш омад ва ин хабари нохушро ба ӯ расонид. Мӯйсафед баробари шунидани ин воқеа ҳуш аз сар бохт, фурӯ дар фикру хаёли худӣ печид.
Ҳатто маркаби савораш, ки аз роҳ бозгашта, ба сӯйи авул маҳмез мезад, бехабар монд. Ҳадаҳа сари маркабро аз роҳаш боздошт ва ба ҷониби Зовисафед пеш ронд. Ба чаҳор самти атроф дида дӯхт. Аз савори шумхабар на ном буду на ҳайдар. Ин лаҳза пеши назараш симои барҷаста, ришу фаши мошу биринҷ ва чашмони уқобии Ҳамроҳбой ҷилвагар шуд. Он рӯз авзояш парешон, табъаш бениҳоят хира менамуд. Дарду ҳиссе, ки аз дили ӯ мегузашт, худаш медонисту Худо. Дар ҳамин авзо ногаҳон дарди дил кафонд: »Ӯ бояд субҳи барвақт ба шикори гургон равад, дар шафати пайкари санги одамсимо». Чунин ҳарфро аз забони дӯсташ бишнид, даъфатан суханони ӯро бурида афзуд:
– Ҳамроҳбой, синнатон ҳафтоду панҷро убур мекунад. Он айёми навҷавониатон гузашт. Дар он зови хатарнок, рези кӯҳсор шабу рӯз ба шӯру валвала меояд, чӣ гуна шикор хоҳед кард? Ҳар кор давру замон дорад, дӯстам.
Дӯсташ оҳе аз дили сӯхтаи хеш бароварда, пасон ба суоли Солеҳбой бо тамкин гуфт:
– Ин таъкидҳои Шумо аз рӯйи рисолат аст, чанд ҳафта қабл аз ин ба деҳаи Панҷоб рафта будам, дар ҷустуҷӯйи сайёди овозадори ин деҳа. Сайёдро зориву тавалло кардам, ки бароям гургеро шикор кунад. Гуфтамаш: «Чӣ ҳақ талаб кунӣ медиҳам». Ҳарчанд паёпай нобудшавии набераҳоямро гуфта ашк рехтам, хонахароб хоҳишамро рад кард. Сарсону саргардон ба хона баргаштам. Дар ин ҷо боз ба ғурбати ҳамсарам печидам. Ӯ гаштаву баргашта як гапро ба гӯши ман мехонд: «О, бароят чанд бор такрор ба такрор гӯям. Фолбини ғузорӣ гуфта буд, ки ба навзод ба ҷуз хуни гургу даҳони он дигар давое набошад. Агар ин корро ба таъхир андозем, мо хоҳу нохоҳ тифлро аз даст хоҳем дод». Болои мурда сад чӯб, гӯё ба нобудшавии навзодҳо банда гунаҳкор бошам. Кунун ёбеду гиред сарриштаи ин асрорро. Баъди ин кору ҳол дар чӣ қароре омаданашро кас намедонад. Рости гап, барои аз ғурбати занак раҳо ёфтан саҳарии солеҳон рамаро ба чаро мебараму намози шом ба кашар меорам. Намехоҳам бо ӯ рӯбарӯ шавам. Рӯбарӯ оям, ягон кору ҳол рӯй доданаш мумкин. Шумо ба ҷойи ман мешудед, чӣ мекардед? Дар ин бора фикр кардаму фикр кардам, ҳеч илоҷи онро дарёб накардам. Ниҳоят, ба хулоса омадам, ки ба ҷуз аз пайи кор шудан, дигар чорае надорам.
Баъди шунидани асли воқеа сахт таассуф хӯрд Солеҳбой. Бори гарон афтод ба дилаш, беҳуда ҳарфҳои номутаносиб гуфт дар ҳаққи дӯсташ. Ошуфтаву парешон меандешиду меандешид, ки чӣ посухе гӯяд ба дили дӯсташ писанд ояд, вале ҳарфе намеомад бар забонаш.
Ӯ Ҳамроҳбойро аз бачагиаш медонист. Ҳар сару савдое, ки аз сараш мегузашт, пеши ҳама кас сурфа намекард, дам ба дарун мезад, онро дар умқи дил ниҳон медошт. Вале намедонист, ки ин суҳбатҳои ҳардуст ва ба ин хотир дардҳояшро ба дӯсташ қисса карду рафт. Ин сирро ба ӯ гуфт, то дӯсташ донад, ки вай бедард-бедард гап намезанад. Инро ба касе нагӯяд ба ҷуз ӯ. Дар ин айёми нотавониву залилӣ ба шикор рафтан ба пириву хартозӣ шабеҳ бошад. Вале дӯсташ аз ин кору ҳол бехабар, онро як суҳбати муқаррарӣ пиндошт, ҳатто ӯро маломаташ кард. Кунун Солеҳбой он суҳбати гузаштаро ба ёд оварда, ба дил худро коҳиш медод, ки чаро он рӯз ҳамроҳи дӯсташ ба шикор нарафт. Он рӯз агар дар шикор ҳамроҳаш мебуд, ин ҳодиса шояд рух намедод.
Солеҳбой сари рамаи хешро ба сӯйи авул пеш ронд ва ба дӯсташ нидо кард:
– Хайр, ба ҳар ҳол эҳтиёт шавед. Магарам, ягон ҳодиса рух надиҳад!
– Такя ба худо дорем! Худо худаш мададгор гӯён ӯ низ сари рамаи хешро ба самти поён гардонд.
Ҳамроҳбой раҳораҳ рамаро пешандоз карда, дар дил қарор дод, ки ба сайди гургон бояд худаш тани танҳо равад. Чун ба манзил расид, тӯфанг ва тирҳои барои рӯзи мабодо пинҳон кардаашро ба бастае бубаст, обу нонро аз ёд набурд. Кунун чӣ гуна ба он ҷо расидан ва чӣ гуна гургро ба даст оварданро дар тафаккури хеш мечархонид. Бо ин андешаҳо ба хоб омодагӣ гирифт. Чун дар тӯли рӯз аз пайи рамапоӣ лакоту шалпар гашта буд, хоб ӯро зуд ба гирдоби пурталотуми хеш афканд.
Тибқи қарори пешакӣ барвақт аз ҷой бархост. Дастурӯ шуста, оҷилан нонушта кард. Фурсати рӯ ба роҳ ниҳодан ба ҳамсараш таъкид кард, ки агар шикораш бобарор анҷомад, ба ҷониби авул тир хоҳад андохт. Ҳамин сон даҳмардаи пир ба роҳ паймудан омода шуд. Ин пайраҳаи ошно ӯро ба самти санги сеҳрангез мебурд. То ҷое, ки худро мешиносад, аз қуллаи кӯҳи Сафед поёнтар пайкараи санги одамсимое побарҷост. Чун кас аз дур ба ҷониби ин суроб нигоҳ афканад, гӯё ба назар мӯйсафеде дастони хешро ба сари ду зонувонаш ниҳода, бо нигоҳи гунге ба сӯйи ӯ менигарад. Чунин менамуд, ки мӯйсафед дар банди хориву залилӣ афтода, ба дуриҳои дур дида медӯзаду айёми бебозгашти шубоби хешро ба ёд меоварад. Бешубҳа, ин пайкари сеҳрноки одамсимо ҳар як мусофирро сахт мутаҳайир месохт ва пеши худ суол мекард, ки вай дар банди чӣ андешаҳо месӯхта бошад? Ӯро чӣ ҳасбуҳоли талху шӯре ба сар афтода. Ин қиссаро даҳмардаи пир аз падару бобояш шунида. Шояд ба онҳо бобову бобокалонашон нақл кардаву пасон даҳон ба даҳон то айёми ӯ расида.
Як замонҳо мардуми ин обрав бузургсолорони хешро ба Гавургон бо ҳамин роҳ мебурдаанд. Морҳои ваҳшӣ луқмаи хешро дар як лаҳза фурӯ бурда, даму нафасашонро ором мебахшиданд.
Чун навбат ба хонадони яке аз аҳли авул даррасид, ҷавонмард ноилоҷ падари хешро ба пушт карда, ба ин манзил меорад. Баҳри осудан дар ин манзил даме қарор мегирад. Саршори арақ пешонӣ пок карда, бо нигоҳи ҳазину гиряолуд ба ҷониби падараш менигарад. Ин дам падараш ҳоли зори писарашро дида, бо як меҳри гарму нарм ба гуфтор меояд: «Ҷони падар, хаста шудӣ магар? Даме осоиш ёб, маро дар ин ҷо танҳо гузору боз пас ба хона баргард!» Ин лаҳза ба ҷониби онҳо чанд сар гурги бӯр давон-давон меоянд. Писараш аз тарсу ваҳшат рӯ ба гурез мениҳад. Гургон ба назди мӯйсафед омада, ӯро бӯйкунон-бӯйкунон, дар атрофаш ғел мезананд. Рӯзи дигар он ҷавонмард дубора бо тарсу бим ба ин манзил меояд. Ҳарчанд гирду атрофро дақиқкорона аз назар мегузаронад аз падараш нишонеро намебинад. Фақат дар ҷойи нишасти ӯ пайкари санги одамсимо рӯнамо буд. Ҳайратангез ба пайкари сангин дида медӯзад. Пайкари сангин шабеҳи падараш буд. Дафъатан гургҳои ваҳшӣ ба сӯйи ӯ дартоз меоянд. Гӯё роҳи ӯро мепоида бошанд. Ҳамин сон ин ҷавонмард ба ин манзил меомаду мерафт, вале ҳар дафъа ин кору ҳол рух медоду ӯ ноумед ба манзили хеш бармегашт. Ва билохира ҷавонмард қадам ба ин хок намонд. Бо гузашти айём афсона шуд ин воқеа. Он замон гӯё пайкари мӯйсафед ба санге бадал гашта пешрӯйи одамон чун муъҷиза ҷилва мекард, чун ҳоли ҳозир.
(Давом дорад).
Нуралӣ РАҶАБ.