Забони модарӣ ганҷи бебаҳо, ойинаи таърих, фарҳанг ва ҳастии ҳар миллат мебошад. Забони тоҷикӣ (форсӣ), ки аз умқи ҳазорсолаҳо то ба рӯзгори мо расидааст, на танҳо воситаи гуфтугӯ, балки рукни асосии ҳувияти миллӣ ва сарчашмаи маънавияти мардум аст. Миллате, ки забони худро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад, метавонад дар роҳи илму дониш ва пешрафт қадамҳои устувор гузорад.
Имрӯз дар Ӯзбекистон барои ҷавонон шароити мусоид ҷиҳати омӯзиши илм ва забонҳои хориҷӣ муҳайё гардидааст. Дар муассисаҳои таълимӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд, то хонандагон донишҳои худро такмил дода, дар озмуну имтиҳонҳои гуногун иштирок намоянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Аз чунин ҷавонони фаъолу донишдӯст хонандагони синфи 10 «Б»-и тоҷикии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-уми ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанд – Таҳмина Муродова, Миҷгона Абдурасулова, Ганҷина Муродова ва Суҳроб Асламов мебошанд. Инҳо хонандаи фаъолу ташаббускор, ки ҳамагӣ дар як синф таҳсил менамоянд, бо меҳнатдӯстӣ, иродаи қавӣ ва шавқи баланди донишомӯзӣ тавонистанд ба натиҷаҳои арзанда ноил гарданд.
Қобили зикр аст, ки дар синфи 10 «Б», ки имсол ба синфи 11 гузаштанд, ҳамагӣ 8 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Бо вуҷуди шумораи ками хонандагон, онҳо пайваста дар корҳои таълимӣ фаъол буда, барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.
Таҳмина Муродова аз фанни забони ӯзбекӣ соҳиби сертификати дараҷаи В+ гардид. Миҷгона Абдурасулова аз ҳамин фан соҳиби сертификати дараҷаи С+ шуда, ҳамзамон аз фанни забони англисӣ низ сертификати дараҷаи В1-ро ба даст овард. Ганҷина Муродова ва Суҳроб Асламов бошанд, аз фанни забони ӯзбекӣ соҳиби сертификати дараҷаи В2 гардиданд.
Ин дастовардҳо бори дигар собит месозанд, ки омӯзиш бо забони модарӣ ҳеч гоҳ барои аз худ кардани дигар забонҳо монеа намегардад. Баръакс, шахсе, ки забони модарии худро хуб медонад, ба он эҳтиром мегузорад ва аз ганҷи луғавии он баҳра мебарад, метавонад забонҳои дигарро низ ба осонӣ омӯзад.
Камина низ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба ҳамин синф ҳафтае ду маротиба дарс мегузарам. Ҳар боре, ки ба чеҳраҳои пурнури хонандагон менигарам, аз шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши забони модарӣ, аз эҳтиромашон нисбат ба фарҳангу адабиёти тоҷик ва аз муҳаббате, ки ба сухани ноби тоҷикӣ доранд, қалбам саршор аз ифтихор мегардад.
Вақте мебинам, ки ҷавонони имрӯза, дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба забони модарии худ низ арҷ мегузоранд, онро дӯст медоранд ва барои поку равон сухан гуфтан талош мекунанд, дилам аз умеду боварӣ лабрез мешавад.
Дар чунин лаҳзаҳо беихтиёр ба худ мегӯям: «То вақте мо чунин ҷавонони зиндадил, донишдӯст ва забондӯст дорем, миллати мо поянда ва забони ширини тоҷикӣ зинда хоҳад монд».
Воқеан ҳам, ояндаи ҳар миллат дар дасти ҷавонони он аст. Хушбахтона, имрӯз ҷавононе ба камол мерасанд, ки забони модарии худро дӯст медоранд, ба қадри он мерасанд ва онро ҳамчун мероси муқаддаси ниёгон ҳифз менамоянд.
Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забонаш осон гардад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун идомадиҳандагони роҳи бузургони адабу фарҳанги мо – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Айнӣ ва Лоиқ Шералӣ масъулияти бузург доранд. Онҳо бояд забони модарии худро ҳифз намоянд, покизагии онро нигоҳ доранд ва ҳамзамон бо омӯзиши илм ва забонҳои дигар дар муаррифии фарҳанги тоҷик ба ҷаҳониён саҳмгузор бошанд.
Дастовардҳои ин хонандагон бори дигар нишон медиҳанд, ки таҳсил бо забони модарӣ ҳеч гоҳ садди роҳи муваффақият нест. Баръакс, кӯдаке, ки дар пояи забони модарии худ мустаҳкам ба камол мерасад, метавонад дигар забонҳоро низ осонтар ва амиқтар аз худ намояд.
Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон бо гумони он ки ояндаи фарзандашон танҳо ба забони дигар вобаста аст, онҳоро аз омӯзиш бо забони модарӣ дур месозанд. Дар натиҷа, баъзе фарзандон на забони модарии худро пурра медонанду на бо забони дигар озодона андеша баён карда метавонанд. Онҳо аз решаҳои фарҳангӣ ва маънавии худ тадриҷан дур мешаванд.
Забони модарӣ танҳо маҷмӯи калимаҳо нест. Забони модарӣ садои гаҳвора, насиҳати модар, дуои падар, мероси ниёгон ва шиносномаи миллат аст. Кӯдаке, ки аз забони модарии худ ҷудо мешавад, гӯё аз як қисми ҳастии худ дур мегардад.
Хушбахтона, хонандагони синфи тоҷикӣ бо натиҷаҳои баланди худ исбот карданд, ки метавон ҳам забони модариро дӯст дошт, ҳам забонҳои дигарро дар сатҳи баланд омӯхт. Онҳо ба ҳамаи падару модарон паёми умед мебахшанд: фарзанде, ки решаҳои худро мешиносад, шохаҳои худро то осмон хоҳад расонд.
Миҷгона Хоҷаева,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 19-уми ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд.