Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 8 июл бо сафари расмӣ ба шаҳри Минск парвоз кард.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар пойтахти Беларус музокироти дуҷониба дар сатҳи олӣ баргузор мегардад.
Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.