Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки ёддошти тафоҳум бо Эрон дигар эътибор надорад.
Бино ба иттилои Report, ӯ ин нуктаро зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар ҳошияи нишасти сарони НАТО дар шаҳри Анқараи Туркия баён кард.
«Ба назари ман, муомила кардан бо онҳо беҳуда аст. Шаби гузашта Иёлоти Муттаҳида ба иншооти Эрон зарбаи пуриқтидор зад», — гуфт ӯ.
Трамп ҳамчунин афзуд, ки дигар намехоҳад бо ҷониби Эрон сарукор дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки 17 июн Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ёддошти тафоҳумеро ба имзо расонида буданд, ки бар асоси он амалиёти низомӣ миёни ду кишвар муваққатан боздошта шуда, тарафҳо уҳдадор гардида буданд, дар давоми 60 рӯз барои ба даст овардани созишномаи ниҳоӣ ва пойдори сулҳ музокирот анҷом диҳанд.
Қаблан имрӯз низ хабар дода шуд, ки неруҳои баҳрӣ ва ҳавофазоии Корпуси посдорони инқилоби исломии Эрон (КСИР) дар посух ба ҳамлаҳои Амрико ба иншооти низомии Эрон зарбаҳои ҷавобӣ анҷом додаанд.