7 тағйироти муҳим дар пардохти рухсатии беморӣ

Аз 1 июли соли 2026 тартиби нави таъин ва пардохти кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ (рухсатии беморӣ) мавриди амал қарор гирифт.

1. Тартиби пардохт тағйир ёфт
Пардохти 5 рӯзи аввали беморӣ ба зиммаи корфармо буда, аз рӯзи 6-ум маблағро Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ пардохт мекунад.
2. Ҳаҷми кӯмакпулӣ аз собиқаи суғуртавӣ вобаста аст
аз 6 моҳ то 8 сол – 60 фоизи музди миёна;
зиёда аз 8 сол – 80 фоизи музди миёна.
3. Барои баъзе гурӯҳҳои имтиёздор маблағ 20 фоиз зиёд мешавад
Ин имтиёз ба шахсони дорои маъюбии гурӯҳҳои I ва II, инчунин ба волидоне, ки 4 ё зиёда фарзанд ё кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, дахл дорад.
4. Муҳлати пардохт муайян шудааст
Агар кӯмакпулӣ аз рӯзи 1 то 15-уми моҳ таъин шавад, то 25-уми ҳамон моҳ пардохт мегардад. Агар баъд аз 16-уми моҳ таъин шавад, то 10-уми моҳи оянда пардохт карда мешавад.
5. Давомнокии пардохт маҳдуд аст
Кӯмакпулӣ барои рухсатии беморӣ дар маҷмӯъ то 182 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ пардохт мешавад.
6. Ҳадди ниҳоии ҳисоб муайян гардид
Ҳангоми ҳисоб кардани кӯмакпулӣ қисми музди миёнаи меҳнат, ки аз 10 баробари музди меҳнати ҳадди ақал зиёд нест, ба ҳисоб гирифта мешавад.
7. Раванд пурра электронӣ мешавад
Таъин ва пардохти кӯмакпулӣ минбаъд ба таври электронӣ анҷом дода мешавад.
Тартиби нав ба шаффофият, соддагардонӣ ва суръат бахшидани пардохти рухсатии беморӣ мусоидат намуда, дастрасии шаҳрвандонро ба ин хизматрасонӣ беҳтар месозад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: