Дар фароғатгоҳҳо наврасон чӣ гуна истироҳат мекунанд?

Баъд аз анҷоми соли хониш барои пурмазмун ва бофароғат гузаронидани вақти худ ҳар сол мактаббачагон таътили тобистонаро мехоҳанд, ки дар ҷойҳои хушбоду ҳаво гузаронанд. Дар фароғатгоҳҳо гузаронидани таътили тобистона барои хуб оғоз намудани соли нави хониш ба мактаббачагон нерӯи нав мебахшад.

 Доир ба мавзӯи мазкур бо роҳбари шуъбаи вилоятии Департаменти ташкили дамгирӣ ва солимгардонии мактаббачагон Аббос Тағоймуродов суҳбат оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

– Дар соли ҷорӣ дар вилояти Сурхондарё дар мавсими таътили тобистона дар чанд фароғатгоҳи солимгардонӣ мактаббачагон истироҳат мекунанд?

– Дар соли ҷорӣ дар 9 фароғатгоҳи берун аз шаҳрии вилоят 7440 нафар ва дар 130 фароғатгоҳи мактаб-интернатҳои ихтисосонидашуда ва фароғатгоҳҳои рӯзонаи назди мактабӣ (танҳо як давр) 12000 нафар, ҷамъ 19400 нафар мактаббачагон бояд дар давоми мавсим истироҳат намоянд. Алалхусус, дар 9 фароғатгоҳи берун аз шаҳр, ки дар тарбияи хурдсолон аҳамияти калон дорад, ташкили корҳо хеле мураккаб буда, масъулияти ҷиддӣ ва назорати қатъиро талаб мекунад. Имсол бо кӯмаки бевоситаи давлат ва департаменти солимгардонӣ мувофиқи нақша дар 9 фароғатгоҳи берун аз шаҳри вилоят дамгирии хурдсолон дар мавсим хуб ташкил карда шудааст. Аз ин 9 фароғатгоҳ 4-тояш дар тасарруфи департамент буда, 5-тояш ба ихтиёри дигар субъектҳои хоҷагӣ мансуб аст. Навбати аввали дамгирӣ аз 10 июн то 21 июн давом намуда, дар 4 фароғатгоҳ 920 ва дар 5-тои боқимонда 818 нафар, ҷамъ 1738 нафар мактаббачагон дам гирифтанд, яъне нақшаи пешбинишуда дар навбати аввал 105 фоиз иҷро гардид.

– Барои пурмазмун ва куш гузаронидани мавсим чӣ чораҳои мушаххас андешида шудаанд?

– Дар қадами аввал дар ҳама фароғатгоҳҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Департамент барои хуш гузаштани мавсим давоми сол кор мебарад. Зеро муҳайё сохтани шароити хуб, таъмини маводи хӯрокӣ ва чораҳои бехатарӣ хеле муҳим буда, дар ин бобат тӯли сол бояд тайёрӣ дид. Ҷиҳати дигари масъала, пурмазмун гузаронидани мавсими дамгирӣ аст. Мақсад аз ташкил намудани дамгирӣ ва солимгардонии кӯдакон онҳоро ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисмонан солим тарбия кардан аст. Барои ин дар ҳар навбати дамгирӣ мутахассисон ҷалб карда мешаванд. Дар 9 фароғатгоҳи зикршуда дар ҳар навбат 202 нафар тарбиячӣ-мураббӣ, 202 нафар мутахассиси пешоҳанг, 9 нафар муаллимони забони хориҷӣ, 9 нафар мутахассисони соҳаи варзиш, 9 нафар муаллимони фанни мусиқӣ, 18- нафар раҳбарони маҳфил, 9 нафар китобхоначӣ, 9 нафар духтури педиатр, 9 нафар ҳамшираи ботаҷриба интихоб гардида ба кор ҷалб карда шудааст. Тарбиягарон асосан аз сохтори соҳаи таълим интихоб шудаанд, ки на кам аз 5 соли собиқаи корӣ дошта бошанд. Инчунин, барои такмили ихтисоси онҳо дар бобати фаъолият дар фароғатгоҳҳо бо онҳо машғулотҳо низ гузаронида шуд. Бо ходимони тиб, ки аз тарафи Садорати тиббиёти вилоят интихоб карда шудаанд, низ барои такмил додани ихтисосашон машғулотҳо гузаронида шуд. Дар ҳар фароғатгоҳ кӯмаки таъҷилии тиббӣ ташкил карда шуд. Дору ва дармонҳои зарурие, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ тасдиқ карда шудааст, аз қабили зардоби зидди заҳри мор, сиёҳкирм ва ғайра тавассути шуъбаи корхонаи «Сурхон-дору-дармон» фароғатгоҳҳо пурра таъмин карда шудаанд. Хуллас, дар натиҷаи дуруст роҳандозӣ кардани корҳои ташкилӣ, шукр, дар навбати аввал ягон ҳолати нохуш, бемор шудани бачагон ба қайд гирифта нашудааст.

– Барои бехатарии мактаббачагон чӣ чораҳо андешида шудаанд?

– Масъалаи бехатарии хурдсолон низ аз масъалаҳои хеле муҳими мавсим маҳсуб меёбад. Зеро хурдсолон муддати 12 рӯз дур аз падару модар вақти худро дар фароғатгоҳҳо мегузаронанд. Сиҳат ва саломат ба волидайнашон супоридани кӯдакон аз ҳама муҳим аст. Барои ин ходимони корҳои дохилӣ, вазъиятҳои фавқулода, гвардияи миллӣ ва соҳаи тиббиёт ҷалб карда шудаанд ва навбатдории доимӣ низ ташкил карда шудааст. Дар ҳудуди фароғатгоҳҳо ва гирду атрофи он тартибу интизоми қатъӣ ба роҳ монда шудааст.

– Барои хушу гуворо ва пурмазмун гузаштани мавсим оё чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ҳам барпо мегарданд?

– Бале, ин хеле муҳим аст. Дар ҳамаи фароғатгоҳҳо китобхона ташкил карда шудааст. Мактаббачагон вақти холии худро бо китобхонӣ мегузаронанд. Барои ҷисман ва рӯҳан солимгардонии хурдсолон бозиҳои варзишӣ мунтазам ташкил карда мешавад. Дар фароғатгоҳҳо мусобиқаҳои варзишии шоҳмот, шашка, футбол, волейбол, тенниси мизӣ, давидан ташкил карда шуд. Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои хотирмони Иттифоқҳои касаба ва Департаменти ташкили истироҳат ва солимгардонии кӯдакон рағбатнок карда мешаванд.

Наврасонро ба саёҳати гирду атрофи фароғатгоҳҳо низ мебарорем.

Инчунин, аз тарафи шуъбаҳои вилоятии Гвардияи миллӣ, Саридораи корҳои дохилӣ, корҳои мудофиа, вазъиятҳои фавқулода, таълими томактабӣ, мактабӣ ва рушди инноватсионӣ, туризм, Иттиҳодияи ҳунармандони вилоят, Агентии кор бо ҷавонон, ТНН «Заковат» дар 9 фароғатгоҳи номбурда зиёда аз 60 тадбири маданиву маърифатӣ гузаронида шуд, ки ба ҷавонон кайфияти хуш бахшид.

– Барои суҳбати самимӣ ташаккур!

– Саломат бошед!

Суҳбаторо

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: