Мо фарзандони истиқлолем!

Истиқлолият неъмати бузург аст ва онро ҷавонони имрӯза низ хеле хуб дарк менамоянд, ки боиси сарфарозиҳост. Ҳоло мухбирамон бо чанде аз ҷавонон ҳамсуҳбат шуда, фикру назари онҳоро дар бораи он пурсон мешавад, ки онҳо аз имкониятҳои барояшон фароҳам овардашуда чи гуна истифода мекунанд, вақти холиашонро чи тавр мегузаронанд, оё китобҳои бадеӣ мехонанд ё на, мафҳуми истифодаи бамавқеъи телефонро чи тавр тавзеҳ медиҳанд. Инчунин посухҳои додаи онҳо ба суолҳои дигар низ дар зер баррасӣ хоҳанд шуд.

Ситораи Назариён,

фориғуттаҳсили гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона:

 Чаҳор соли таҳсил паси сар шуд ва ману ҳамкурсонам соҳиби дипломи бакалавр гардидем. Мо аз беҳтарин имконият истифода намудем, ки бо саъйу эҳтимоми Сарвари давлатамон барои як гурӯҳ деҳотидухтарони тоҷики ноҳияи Сӯх фароҳам оварда шуд. Аксари духтарон бар асоси гранти давлатӣ шомили Донишгоҳи давлатии Фарғона шуданд ва онро муваффақона хатм намуданд. Фархунда Мандонова, Гулчеҳра Қайюмҷонова ва Гулчеҳра Назирова аз зумраи онҳоянд. Чунин имконият маҳз ба шарофати касби истиқлолияти кишвари азизамон барои мо фароҳам оварда шуд, ки дар арафаи 35-умин солгарди таҷлили он қарор дорем.

 Дар ин донишгоҳ тавонистам бо Шаҳноза Бобораҷабова аз ноҳияи Сариосиё, Сабрина Сафарова ва Озода Сатторова аз ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё, Марғуба Тӯхтаназарова аз ноҳияи Чусти вилояти Намангон низ шинос ва дугонаҳои қарин шавам. Ҳоло қисме аз ҳамсабақонам дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ машғули тадрис хоҳанд шуд. Қисмати боқимонда мувофиқи табъ ва хостаи худ сари ягон кору вазифаи дигарро хоҳанд гирифт.

 Худи ман ба мактабе бармегардам, ки 11 соли тамом дар он таҳсил кардаам ва аз устодонам сабақ гирифтаам. Ин мактаб ва омӯзгорони он бароям хеле азизу мақаддас мебошанд. Соли 2022 онро бо медали тилло хатм намудам ва ба донишгоҳ низ бо гранти давлатӣ дохил шудам. Ин мактаби таҳсилоти умумии рақами 13-ум аст, ки чанде муқаддам дар пурсишномаи рӯзномаи “Овози тоҷик” ҷои нахустро ишғол намудааст ва соҳиби ташаккурномаву мукофотҳои зиёди он гардидааст.

 Мактаб даргоҳест, кас аз хурдӣ аввалин саводи худро маҳз он ҷо мебарорад, илму маърифат меомӯзад, соҳиби тарбияи хуб мешавад. Дар ин кор заҳмати омӯзгорон хеле зиёд мебошад. Ман ба ана ҳамин ҷамоаи омӯзгорон мепайвандам ва талош мекунам, ки илму маърифати дар муддати чаҳор сол андӯхтаамро дар амал татбиқ намоям. Умедворам, ки маъмурияти мактаб таҳти сарварии Султонбек Анварбеков бароям шароити хубу мусоид фароҳам меорад ва машғули касби дӯстдоштаи худ мешавам.

 Омӯзгор, новобаста аз он ки аз кадом фан сабақ медиҳад, бояд адабиёти бадеӣ хонад. Хусусан, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик муваззаф мебошад, ки донишу маҳорати худро маҳз ба воситаи асарҳои хондааш такомул бахшад. Хушбахтона, чи дар аснои мактабхонӣ ва чи дар давраи донишҷӯӣ чанд ҳикоя, достон ва повесту романи адибони тоҷик, ӯзбек ва халқҳои дигарро мутолиа намудаам. Ин боис гардид, ки пеши дигарон забонам ҳамеша бурро бошад.

 Гузашта аз ин, дар иҷрои мақсаду мароми худ ҳаргиз устувориро аз даст нахоҳам дод ва талош хоҳам кард, ки собитқадам бошам ва бо истифода аз маслиҳату машварати омӯзгорони пуртаҷриба ба наслҳои наврас дониши хуб диҳам, дар тарбияи онҳо низ саҳми худро гузорам. Албатта, ба ин мақсаду мароми худ хоҳам расид. Зеро мо, ҷавононро Президенти мамлакат ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва барои амалӣ намудани орзуҳоямон шароити созгор муҳайё месозанд!

 

Ҳумоюн Зокиров,

ғолиби якчанд озмунҳо ва и намоишгоҳҳои байналмилалӣ, Риштон.

 Ман дар шаҳри Риштон зодаву парварда шудаам. Ин шаҳр аз замонҳои қадим бо кулолгарии худ машҳур шудааст. Кулолони риштонӣ  танҳо аз гили сурх бе илова кардани ягон чизи дигар маҳсулоте меофаранд, ки ҷилояшон чашми ҳар бинандаро хира месозад.  Аз хонаводаи мо касе ба ин навъи ҳунар машғул нашудааст. Аммо ман аз хурдӣ ба ин касб сахт дила бастаам, барои дар корхонаи ҳунармандии устои машҳури риштонӣ Алишер Назиров ҳамчун шогирд фаъолиятамро оғоз намудам.

 Дар қадами аввал устодам амр карданд, ки лойкуниро ёд гирам, зеро оғози ҳамаи корҳои кулолгарӣ аз ҳамин лойхелӣ маншаъ мегирад.  Дар рӯзҳои аввал аз лойхелиҳои ҳамешагӣ дилбазан мешудам, аммо дар аҳди худ устувор будам, то ки устои хуби ин касб шавам. Баъд оҳиста ба хушк кардани ашёи шаклдор машғул шудам. Сонӣ онро дар ангоб тар карда, дубора хушк мекардам ва дар оташ мегузоштам.

 Аз устодам Алишер Назиров хоҳиш кардам иҷозат диҳад, ки раванди марҳилаҳои баъдиро низ омӯзам ва ба он машғул шавам. Медидам, ки дар марҳилаи дигар ашёро ранг мекунанд ва рӯи он нақшҳо мекашанд. Ҳамон вақт устодам асосан аз се намуди ранг истифода мебурданд: оксиди кобалт (барои ранги торик), нуқра (барои ранги сабз) ва марганес (барои ранги қаҳваранг). Ашёи нақшдор бо глазур (глазур, эмал) пӯшонида мешуд ва дубора онро хушк меарданд. Дар ҷараёни хушкшавии он дар оташ глазур об шудаву шаффоф мегардид.

 Рӯзе устодам гуфт, ки баъди ду-се рӯз озими Русия мешавад ва вай маро ҳамроҳи худ мебарад. Аз хурсандӣ дар курта нагунҷидам. Бо машварати ӯ таҳсилро дар Академияи ҳайкалтарошии шаҳри Красноярск шурӯъ намудам. Дар он ҷо аз устодам Александ Ткачук нозукиҳои касби ҳайкалтароширо азхуд намудам. Вақте ки ба Риштон баргаштам, мустақим ба назди Алишер Назиров омадам ва гуфтам, ки ба шогирдии худ идома медиҳам.

  Риштон ҷои асосии кулолгарони номист ва дигарон маҳз аз таҷрибаи онҳо баҳраманд мешаванд. Вале зимни сафар ба Маскав дидам, ки аз минтақаҳои гуногуни олам кулолон ҷамъ омадаанд ва сирру асрори ҷанбаҳои нозуки ин касби барои мо ниёкониро низ байни худ муҳокима мекунанд. Ба онҳо пайвастам ва касбамро такмил додам.

 Бояд қайд кунам, ки устодамон Алишер Назиров дар ярмаркаҳои ҳунарҳои дастӣ, ки ҳар сол дар Тошканд ва Алмаато баргузор мешаванд, иштирок намуд. Аз ҷумла, соли 1994 дар Ҷопон дар коргоҳи Исоҷичи Асакура, устоди мактаби Кутанӣ, беш аз 80 асар офаридааст. Солҳои 1994 ва 1996 ӯ намоишгоҳҳои шахсии худро дар Комацуи Ҷопон баргузор кардааст. Барои ҳамин шогирди чунин як марди соҳибтаҷриба будан боиси ифтихор мебошад.

 Шогирдони сершумори он кас аллакай мустақилона машғули кулолгарӣ мебошанд: Ҷаҳонгир Насруллоев, Ҳусанбой Исонов, Махсум Мамаҷонов, Ҳаёт Раҳимов, Икром Қамбаров ва  банда аз ҳамин шумор мебошем.  Устод Алишер Назиров ҳамеша як нуктаро барои мо, шогирдони худ таъкид меварзанд: “Шумо, ҷавонон, фарзандони истиқлолед ва барои ин ҳамеша шукр гузореду аз таҳти дил касбатонро такмил диҳед, барои шукуфоии ин Ватани азиз саҳм гузоред”.

 Ба гуфтаи ӯ мо намедонем, ки дар гузаштаи наздик кулолгарони риштонӣ рустӣ ба кулолгарӣ машғул мешуданд. Баъзан болояшон таҳдид ҳам мешудааст, гӯё онҳо ҷинояте содир карда бошанд. Замона чунин будааст. Аммо имрӯз сиёсат куллан тағйир ёфтааст. Ҳоло дар Риштонамон бо марҳамати Президенти мамлакат Маркази ҳунармандон ташкил карда шудааст, ки даҳҳо нафар аҳли ҳунари кулолгарӣ ба шогирдони худ бо шавқу ғайрат сирру асрори ин пешаро ёд медиҳанд.

 Чанд бор дар намоишгоҳҳои Маскав, Томск, Красноярск, Иссиқкӯл, Тошканд ва шаҳрҳои дигари Осиёи Марказӣ иштирок кардам. Аз ҷумла, дар намоишгоҳҳои байналмилалии Томск ва Новосибирск сазовори ҷои дуввум,  дар  Красноярск ҷои авввалро ишғол намудам. Соли 2022 дар шаҳри Тошканд Ҳафтаи санъат баргузор гардид ва маро бо медали тилло сазовор донистанд. Бидуни шакке ба ҳамаи ин дастовардҳо дар ивази машвартҳои устодам Алишер Назиров ва меҳнати вазнину самарабахш ноил шудам.

  Вақте ки Президент Шавкат Мирзиёев ба шаҳристони нави Марғелон омаданд, мо низ дар баробари ҳунармандони дигари вилоят маҳсулоти кулолгарии худро ба намоиш гузоштем. Ифтихор кардам, ки Сарвари давлат аз растаи намоишгоҳи мо низ дидан карданд ва барои боз ҳам бештару беҳтар меҳнат кардан моро ташвиқ намуданд.  

  Мо таҳти раҳбарии устод Алишер Назиров ба шарафи 35-солагии истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ба тавлиди якчанд намуди маҳсулоти хоси кулолгарӣ машғулем. Ман нақшҳоро рӯи ҳар маҳсулот борикбинона мекашам. Албатта, офаридаҳои худро дар рӯзҳои таҷлили ин иди бузург ба намоиш хоҳем гузошт. Ногуфта намонад, ки ҳар як ҷавон, чи дар идораи давлатӣ кор мекунад, чи дар ҷои дигар фаъолияташро пеш мебарад, ба шарофати истиқлол озодона ҳарф мезанад, пешаи дилхоҳашро интихоб мекунад, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дар бунёди ҷомеаи шукуфоне, ки асрҳои дароз аҷдодони бузурги мо орзу мекарданд, саҳми худро мегузорад.

Шукргузорӣ фазилати бузургест, ки инсонро ба некӣ, ваҳдат ва эҷодкорӣ ташвиқ мекунад. Бигзор осмони кишварамон ҳамеша софу беғубор бошад ва истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон абадӣ бошад!

 

Суҳбаторо: Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: