Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд

  • Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд
  • Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд
  • Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд

Дар Қасри Истиқлоли шаҳри Минск маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус қарор дорад, баргузор гардид.

Дар майдони назди қаср парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Сарвари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко самимона истиқбол гирифт.

Суруди миллии ҳар ду кишвар садо дод.

Сарони давлатҳо аз назди қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

Пас аз аксбардории муштарак, музокироти сатҳи олӣ оғоз ёфт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: