Муҳаққиқони Донишгоҳи Райс (Техас, ИМА) технологияи наверо пешниҳод кардаанд, ки метавонад ҳуҷайраҳои саратонро бидуни химиотерапия ё ҷарроҳӣ нобуд созад.
Дар озмоишҳои лабораторӣ ин усул, ки ба молекулаҳои аминоцианин асос ёфтааст, то 99 дарсади ҳуҷайраҳои меланомаи хашмгини инсон (яке аз намудҳои саратони пӯст)-ро аз байн бурд.
Принсипи кори усул чунин аст: молекулаҳои махсус ба мембранаи ҳуҷайраҳои саратон мечаспанд. Баъдан, зери таъсири нури инфрасурх онҳо бо суръати бениҳоят баланд — то 40 триллион маротиба дар як сония — ба таври ҳамоҳанг ларзиш мекунанд.
Олимон ин равандро «болғаи молекулавӣ» меноманд. Ин ларзишҳои пурқуввати механикӣ пардаи берунии ҳуҷайраҳои саратонро мешикананд ва онҳоро нобуд месозанд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳуҷайраҳои саратон метавонанд бо гузашти вақт ба химиотерапия мутобиқ шаванд, аммо ба чунин таъсири механикӣ муқовимат пайдо карда наметавонанд.
Айни замон ин технология танҳо дар марҳилаи озмоишҳои лабораторӣ қарор дорад. Бехатарӣ ва самаранокии он барои истифода дар одамон ҳоло ҳам мавриди омӯзиш қарор дорад.