Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Чувашистон осеб дидаааст, зинда монда, дар беморхона табобат мегирад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн шудаанд, ки гӯё бар асари садамаи нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Чувашистони Федератсияи Русия як шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фавтидааст.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод, ин маълумот ба ҳақиқат мувофиқат намекунад.

Тибқи иттилои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Қазон, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар ин садама осеб дидааст, зинда аст ва ҳоло дар беморхонаи ноҳиявӣ табобат мегирад.

Ба гуфтаи табибон, вазъи ӯ мӯътадил арзёбӣ шуда, ҷароҳатҳои бардоштааш дараҷаи миёнаи вазнинӣ доранд.

Вазъият таҳти назорати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Қазон қарор дорад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: