Дар Ӯзбекистон мураббиёне, ки барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, ба муҳлати як сол аз фаъолият дар муассисаҳои томактабӣ маҳрум мегарданд.
Қонуни дахлдор дар ҷаласаи 17-уми пленарии Сенати Ӯзбекистон баррасӣ гардид. Ҳуҷҷат ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба як қатор санадҳои қонунгузории кишвар пешбинӣ мекунад, ки ба такмили низоми ҳифзи иҷтимоии кӯдакон равона шудаанд.
Тибқи тағйирот, ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ меъёрҳои нав ворид карда мешаванд, ки барои истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ нисбат ба ноболиғон, инчунин таҳқири шаъну шарафи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ҷавобгарӣ муқаррар менамоянд.
Аз ҷумла, мураббиёне, ки нисбат ба кӯдакон зӯроварии ҷисмонӣ ё равонӣ содир мекунанд, ба муҳлати як сол аз ҳаққи фаъолият дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Пас аз муҳокима, Сенат ин қонунро маъқул донист.
Пештар хабар дода шуда буд, ки мақомоти давлатии Ӯзбекистон метавонанд уҳдадор шаванд маълумотро дар бораи туҳфаҳои гирифтаашон ошкор намоянд. Ҳамчунин, дар кишвар хонандагони мактабҳо барои мутолиаи фаъоли китобҳо аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд карда хоҳанд шуд.