Рӯзҳои гарми тобистон барои организм як озмоиши ҷиддӣ мебошанд. Ҳарорати баланд боиси арақкунии зиёд шуда, организмро аз об ва намакҳои минералӣ маҳрум мекунад.
Дар натиҷа инсон метавонад сустӣ, чархзании сар, хастагӣ ва пастшавии қобилияти кориро эҳсос намояд. Агар беобшавии организм шадид шавад, хатари зарбаи гармӣ низ меафзояд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар чунин рӯзҳо нигоҳ доштани мувозинати об ва ғизои дуруст яке аз роҳҳои беҳтарини ҳифзи саломатӣ мебошад.
Пеш аз ҳама, бояд ба нӯшидани об диққати махсус дод. Ба шахси калонсол тавсия мешавад, ки дар як шабонарӯз 2–3 литр моеъ истеъмол кунад. Дар рӯзҳои хеле гарм ё ҳангоми машғулияти ҷисмонӣ ин миқдор метавонад бештар бошад. Барои рафъи ташнагӣ беҳтарин интихоб оби тозаи нӯшокӣ ва оби минералӣ мебошад.
Дар баробари об, организм ба электролитҳо — натрий, калий ва магний низ эҳтиёҷ дорад. Ин моддаҳо барои фаъолияти дурусти дил, мушакҳо, системаи асаб ва нигоҳ доштани мувозинати моеъ аҳамияти калон доранд. Манбаъҳои хуби онҳо оби минералӣ, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти ширии турш, банан, картошка, афлесун ва чормағз мебошанд.
Ғизои тобистона бояд сабук ва осонҳазм бошад. Хӯрокҳои бирён, серравған, шириниҳо ва нӯшокиҳои газнок беҳтар аст маҳдуд карда шаванд, зеро онҳо ба организм сарбории иловагӣ меоранд. Ба ҷойи онҳо бештар сабзавот, мева, кабудиҳо, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти ширии турш истеъмол кардан тавсия дода мешавад. Ин маҳсулот на танҳо талафоти моеъро ҷуброн мекунанд, балки организмро бо витаминҳо ва микроэлементҳои зарурӣ таъмин менамоянд.
Дар фасли гармо риояи қоидаҳои беҳдошт низ хеле муҳим аст. Ҳарорати баланд барои афзоиши босуръати бактерияҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, хӯрокҳои зудвайроншаванда, бахусус хӯришҳои бо майонез омодашуда, таомҳои гӯштӣ ва маҳсулоти ширӣ набояд муддати дароз берун аз яхдон нигоҳ дошта шаванд. Дар рӯзҳои гарм онҳоро беҳтар аст дар давоми як соат истифода бурд ё дар яхдон нигоҳ дошт.
Табибон бар ин назаранд, ки ғизои дуруст дар рӯзҳои гармо танҳо роҳи рафъи ташнагӣ нест. Он барои пешгирии беобшавии организм, коҳиш додани хатари зарбаи гармӣ ва нигоҳ доштани нерумандиву саломатӣ нақши муҳим мебозад. Бо риояи чанд қоидаи оддӣ метавон рӯзҳои гарми тобистонро осонтар паси сар кард ва худро аз бисёр мушкилоти саломатӣ эмин нигоҳ дошт.
Дар асоси тавсияҳои Абдураҳмон Исмоилов, сармутахассиси Раёсати санитарӣ ва гигиении Кумитаи беҳдошти санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.