Чаро пашшаҳо баъзе одамонро бештар аз дигарон мегазанд?

Шояд шумо ҳам пай бурда бошед: дар як ҷой нишастаед, вале пашшаҳо танҳо шуморо интихоб мекунанд. Дар ҳоле ки дигарон қариб осеб намебинанд. Сабаб чист?

Олимон мегӯянд, ки пашшаҳо ҳанӯз пеш аз нишастан ба бадани инсон, аз рӯи бӯй ва дигар нишонаҳои биологии мо «қурбонии» худро муайян мекунанд. Ба ибораи дигар, баъзе одамон барои онҳо нисбат ба дигарон ҷолибтаранд.

Нафас нишонаи аввал аст

Танҳо магасҳои ( пашша) модина одамро мегазанд. Ба онҳо сафедаи мавҷуд дар хун барои рушди тухмҳо лозим аст.
Магасҳо метавонанд аз масофаи то 10 метр бо истифода аз биноӣ ва ҳисси бӯй инсонро пайдо кунанд. Яке аз муҳимтарин нишонаҳо гази карбон (CO₂) мебошад, ки ҳангоми нафаскашӣ хориҷ мекунем.
Ҳар қадар инсон бештар CO₂ хориҷ кунад, ҳамон қадар барои магасҳо ҷолибтар мешавад. Аз ҳамин сабаб калонсолон нисбат ба кӯдакон бештар мавриди ҳамла қарор мегиранд.
Ҷолиб он аст, ки магасҳо на танҳо ба CO₂-и инсон, балки ба дигар манбаъҳои ин газ низ ҷалб мешаванд. Аз ин рӯ, дар баъзе домҳои магас аз яхи хушк ё баллонҳои CO₂ истифода мебаранд.
Ба гуфтаи олимон, агар чор нафар дар як ҷо бошанд, эҳтимол дорад як нафари онҳо то 90 дарсади тамоми газидани магасҳоро ба худ ҷалб кунад.

Гармии бадан низ аҳамият дорад

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки магасҳо ба гармӣ ва намӣ низ хеле ҳассосанд.
Аз ҳамин сабаб, занони ҳомила нисбат ба занони ғайриҳомила тақрибан ду баробар бештар магасҳоро ҷалб мекунанд. Дар давраи ҳомиладорӣ ҳарорати бадан, суръати мубодилаи моддаҳо ва ҳаҷми нафаскашӣ зиёд мешавад, ки боиси хориҷ шудани CO₂-и бештар мегардад.
Ба гуфтаи профессори энтомологияи тандурустии ҷамъиятии Донишгоҳи Дареми Британия Стив Линдсей, «дар дохили бадани зани ҳомила гӯё як кӯраи хурд фаъол аст, аз ҳамин сабаб баданаш гармтар мешавад».
Ҳамчунин, баъди машқҳои ҷисмонӣ одамон муваққатан барои магасҳо ҷолибтар мешаванд, зеро дар ин вақт бадан гармтар буда, арақ мекунад ва CO₂-и бештар хориҷ менамояд. Одамони қоматкалон низ, ки одатан гармии бештар истеҳсол мекунанд ва бештар нафас мекашанд, метавонанд бештар мавриди газидани магасҳо қарор гиранд.

Бӯи пӯст низ нақши муҳим дорад

Вақте магас ба инсон наздик мешавад (камтар аз 10 метр), ӯ қурбонии худро аз рӯи як қатор нишонаҳо, аз ҷумла бӯи пӯст ва нафас муайян мекунад.
Профессор Стив Линдсей мегӯяд, маҳз бӯи бадан омили асосии интихоб аст.
«Инро моддаҳои хурди кимиёвии зудбухоршаванда муайян мекунанд. Магасҳо дар дунёи бӯй ва моддаҳои кимиёвӣ зиндагӣ мекунанд», — мегӯяд ӯ.
Олимон тасаввуроти маъмули «хуни ширин» доштани баъзе одамонро рад кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, магасҳоро на ширинии хун, балки бӯи хоси пӯст ҷалб мекунад.
Дар рӯи пӯст миллиардҳо бактерия зиндагӣ мекунанд. Онҳо моддаҳои гуногунро таҷзия намуда, зиёда аз 500 намуди пайвастҳои органикии зудбухоршаванда (VOCs) ҳосил мекунанд. Магасҳо ин бӯйҳоро хуб фарқ карда метавонанд.
Ба ғайр аз ин, онҳо ба аммиак, кислотаи лактик ва махсусан кислотаҳои карбоксилӣ, ки дар пӯст мавҷуданд, низ ҷалб мешаванд.
Муҳаққиқони Донишгоҳи Рокфеллери ИМА аз 64 нафар намунаи бӯи пӯстро бо остинҳои нейлонӣ ҷамъоварӣ карданд. Вақте магасҳо байни ин намунаҳо интихоб мекарданд, бештар ба бӯи одамоне ҷалб мешуданд, ки дар пӯсташон миқдори кислотаҳои карбоксилӣ зиёдтар буд.
Олимон барои ҳар иштирокчӣ «дараҷаи ҷолибият» ҳисоб карданд. Маълум шуд, ки нишондиҳандаи шахси аз ҳама ҷолиб барои магасҳо аз нишондиҳандаи шахси камҷолиб 100 маротиба баландтар будааст. Ҷолиб он аст, ки ин фарқият ҳатто баъди солҳои зиёд ва новобаста аз тарзи зиндагӣ қариб тағйир намеёбад.

Аз газидани магас чӣ гуна худро муҳофизат кунем?

Ба гуфтаи профессор Ҳизер Фергюсон аз Донишгоҳи Глазго, далели илмии кофӣ вуҷуд надорад, ки истеъмоли сирпиёз ё витамини B магасҳоро дур мекунад.
Барои муҳофизат, мутахассисон истифодаи воситаҳои санҷидашудаи зиддимагас, аз ҷумла доруҳои дорои DEET, пикаридин ё PMD-ро тавсия медиҳанд.
Инчунин беҳтар аст либосҳои остиндарозу шимҳои дароз, махсусан онҳое, ки бо маводи зидди ҳашарот коркард шудаанд, пӯшед. Азбаски таъсири воситаҳои муҳофизатӣ бо мурури вақт ва баъди арақ кардан кам мешавад, онҳоро бояд такроран истифода бурд.

Генҳо низ таъсир доранд

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки таркиби бактерияҳои рӯи пӯст низ метавонад муайян кунад, ки то чӣ андоза барои магасҳо ҷолиб ҳастед.
Муҳаққиқони Донишгоҳи Вагенингени Нидерланд муайян карданд, ки одамоне, ки бештар магасҳои паҳнкунандаи вараҷаро ҷалб мекунанд, дар пӯсташон бактерияҳои бештар, вале гуногунии камтар доранд.
Таҳқиқотҳо дар байни дугоникҳо низ нишон додаанд, ки дугоникҳои якхела магасҳоро қариб ба як андоза ҷалб мекунанд, дар ҳоле ки байни дугоникҳои ғайриякхела ин фарқият бештар аст. Ин нишон медиҳад, ки ҷолибияти инсон барои магасҳо метавонад қисман ирсӣ бошад.
На ҳама ба газидани магас як хел вокуниш нишон медиҳанд
Вокуниши одамон ба газидани магас хеле гуногун аст. Дар баъзеҳо танҳо доғи хурди сурх пайдо мешавад, аммо дар дигарон варами калон ва хориши сахт ба вуҷуд меояд.
Тадқиқоти генетикӣ нишон додааст, ки байни генҳои системаи масуният ва тарзи вокуниши организм ба газидани магас робитаи зич вуҷуд дорад. Ҳамин минтақаҳои генетикӣ бо майли пайдоиши аллергия низ алоқаманд мебошанд.
Ба гуфтаи профессор Фергюсон, баъзан одамон фикр мекунанд, ки магасҳо онҳоро бештар мегазанд, дар ҳоле ки сабаб танҳо дар он аст, ки бадани онҳо нисбат ба газидан вокуниши шадидтар нишон медиҳад.
«Баъзеҳо зуд-зуд газида мешаванд, вале қариб ҳеҷ нишонае пайдо намешавад. Дигарон бошанд, аз ҳар як газидан вараму хориши зиёд мегиранд», — мегӯяд ӯ.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҳатто агар ба назаратон расад, ки магасҳо шуморо кам мегазанд, ҳамоно бояд аз худ муҳофизат кунед. Зеро ҳеҷ кас аз таваҷҷуҳи ин ҳашарот комилан дар амон нест.

Манбаъ: BBC News

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: