11 июл: Ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳо то 43 дараҷа мерасад

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва эҳтимоли обхезӣ пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои "Ӯзгидромет", имрӯз дар аксари минтақаҳои Ӯзбекистон ҳавои гарм ва бебориш ҳукмфармо хоҳад буд.
Дар шаҳри Тошканд ҳаво каме абрнок буда, бориш пешбинӣ намешавад. Ҳарорат шабона 24–26°, рӯзона 38–40° мешавад.
Дар Қароқалпоқистон, инчунин вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Қашқадарё ва Сурхондарё ҳарорати рӯзона то 43 дараҷа мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо шамоли сахт бо чангу ғубор низ мушоҳида мешавад.
Дар вилоятҳои Тошканд, Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона ҳарорати рӯзона 35–40 дараҷа хоҳад буд.
Дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Аз сабаби бориш эҳтимоли ба амал омадани обхезиҳои кӯтоҳмуддат вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво дар ин минтақаҳо рӯзона 25–30 дараҷа хоҳад буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: