Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ӯзбекистон Сабина Маҳл дар мусоҳиба бо хабарнигори агентии иттилоотии «Дунё» дар бораи аҳамияти қатъномаи Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ барои таъмини рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қабул шудааст, дурнамои ҳамкории байни Ӯзбекистон ва низоми СММ, инчунин нақши ҷавонон дар таъмини рушди устувор изҳори назар кард.
– Ин қатънома, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон пешниҳод гардид, ҳамагӣ дар давоми ҳашт моҳ бо ризоияти умумӣ қабул шуд. Ба назари Шумо, чунин дастгирии босуръат то чӣ андоза бозгӯйи тағйироте мебошад, ки дар солҳои охир дар минтақа ба амал омадааст ва он дар бораи сатҳи кунунии ҳамкории байни Ӯзбекистон ва низоми Созмони Милали Муттаҳид чӣ мегӯяд?
– Мо аз қабули ин қатънома, ки аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод шудааст, самимона истиқбол мекунем. Тавре ки маълум аст, ин ҳуҷҷат аз номи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод шуда, хусусияти муттаҳидкунанда ва аҳамияти минтақавии онро таъкид мекунад.
Аҳамияти хоси қатъномаро он далел собит месозад, ки 66 давлат онро ҳаммуаллифӣ кардаанд. Ин аз дастгирии васеи байналмилалӣ аз ин ташаббус ва эътирофи аҳамияти он дар рӯзномаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Пеш аз ҳама, ин қатънома барои мардуми Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги амалӣ дорад, зеро ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек, густариши эътимоди мутақобила ва ҷустуҷӯи муштараки роҳҳои посух ба таҳдиду чолишҳои муосир равона шудааст. Маҳз чунин равиш заминаи устуворро барои таъмини сулҳи пойдор, субот ва шукуфоӣ дар минтақа фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, мо қабули ин қатъномаро қадами воқеан муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мекунем.
Аз ҷониби худ, ҷамоаи СММ дар Ӯзбекистон, ки 25 агентӣ, фонд ва барномаи СММ-ро муттаҳид мекунад, ҳамкории зичро бо Ҳукумати кишвар идома медиҳад. Мо аз татбиқи ҳамаҷонибаи ташаббусҳои пешниҳодшуда ва ислоҳоти амалишаванда дастгирӣ намуда, барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва пешрафти минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистон саҳм мегузорем.
– Дафтари шумо дар амалисозии ҳадафҳои ин қатънома чӣ нақш хоҳад дошт?
– Тавре маълум аст, қатъномаҳои СММ аз ҷониби давлатҳои узв қабул мешаванд. Аз ин рӯ, ин ташаббус ба таври равшан нақши пешсафонаи Ӯзбекистонро нишон медиҳад, ки дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзномаи минтақавиро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона пеш мебарад.
Дар солҳои охир мо шоҳиди як қатор чунин ташаббусҳо гардидем ва ин ба оянда умеди бештар мебахшад. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев борҳо бо Дабири кулли СММ мулоқот кардааст. Аз ҷумла, соли гузашта вохӯрии онҳо дар Туркманистон, дар доираи конфронси кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд, дар шаҳри Аваза сурат гирифт. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо пайваста аҳамияти ҳамкории бисёрҷониба таъкид гардид.
Имрӯз, дар ҳоле ки принсипҳои ҳамкории бисёрҷониба дигар ҳамчун як амри бебаҳс пазируфта намешаванд, хеле муҳим аст, ки Ӯзбекистон на танҳо ин равишро пайгирона ҷонибдорӣ мекунад, балки садоқати худро ба он тавассути ташаббусҳои мушаххаси байналмилалӣ низ собит месозад. Кишвар нишон медиҳад, ки муттаҳид сохтани талошҳо барои ҳалли масъалаҳои умумӣ то чӣ андоза метавонад самарабахш бошад.
Имрӯз Осиёи Марказӣ намунаи равшани он аст, ки бо шарофати муколамаи созанда ва эътимоди мутақобила ба чӣ натиҷаҳо метавон ноил шуд.
Ҳамкории минтақавӣ, муносибатҳои ҳамсоягии нек ва фаъолияти муштарак имкон медиҳанд, ки масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва дигар мушкилоти фаромарзӣ бомуваффақият ҳал карда шаванд. Мутаассифона, имрӯз чунин намунаҳои мусбат дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ба назар намерасанд.
Аз ҷониби худ, намояндагии СММ дар Ӯзбекистон минбаъд низ ният дорад кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Мо омодаем тавассути фаъолияти коршиносӣ, барномавӣ ва иттилоотию маърифатӣ ба татбиқи ислоҳот ва ташаббусҳои миллӣ мусоидат карда, ҳамчун шарики боэътимоди Ӯзбекистон дар роҳи рушди устувори минбаъдаи он боқӣ монем.
– Шумо ба рушди муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва СММ дар чанд соли охир чӣ хел баҳо медиҳед?
– Ба назари ман, дурнамои ҳамкории мо воқеан хеле хуб аст. Барои мо ифтихори бузург аст, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунем ва дар роҳи рушди кишвар шарики он ҳастем.
Бешубҳа, қабули қатъномаҳо аҳамияти калон дорад. Ин марҳилаи муҳимест, ки дар он давлатҳои узви СММ барои ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ ва ҷустуҷӯи муштараки роҳи ҳалли муҳимтарин мушкилоти ҷаҳон неруҳои худро муттаҳид месозанд. Аммо на камтар аз ин фаъолияти амалӣ, ки бевосита дар дохили кишвар анҷом дода мешавад, аҳамият дорад.
Имрӯз байни низоми СММ ва Ӯзбекистон шарикии устувору самаранок ба роҳ монда шудааст. Агентӣ, фонд ва барномаҳои мо дар самтҳои гуногун лоиҳаҳоро амалӣ намуда, аз ислоҳоти кишвар пуштибонӣ мекунанд.
Ба наздикӣ мо Барномаи нави чаҳорчӯбаи ҳамкории байни СММ ва Ӯзбекистонро ба имзо расонидем, ки афзалияти стратегии панҷ соли оянда – мусоидат ба истифодаи самараноки дивиденди демографиро муайян мекунад. Сухан дар бораи он меравад, ки иқтидори аҳолии ҷавони кишвар тавассути сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ҳарчи бештар ошкор карда шавад.
Ин дастгирии низоми тандурустиро тавассути омода намудани кормандони соҳаи тиб, баланд бардоштани ихтисоси онҳо ва рушди инфрасохтори соҳа фаро мегирад. Дар соҳаи маориф мо бо омӯзгорон ҳамкорӣ намуда, барномаҳои омодасозии омӯзгоронро такмил медиҳем ва барои фароҳам овардани дастрасии ҷавонон ба таҳсилоти босифат мусоидат менамоем. Дар самти ҳифзи иҷтимоӣ агентиҳои мо бо Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ҳамкории зич дошта, барои такмили низоми дахлдор кумак мерасонанд.
Ба масъалаҳои муҳити зист ва рушди устувор низ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Ба наздикӣ шаҳри Самарқанд мизбони як чорабинии бузурги Хазинаи ҷаҳонии экологӣ гардид, ки бори дигар нақши рӯзафзуни Ӯзбекистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии экологӣ тасдиқ кард. Дар фаъолияти мо ташаббусҳо марбут ба минтақаи баҳри Арал ҷойгоҳи махсус доранд, зеро дар он ҷо масъалаҳои экологӣ бо вазифаҳои таъмини некӯаҳволӣ ва амнияти аҳолӣ зич алоқаманданд.
Ҳамин тариқ, ҳамкории байни СММ ва Ӯзбекистон доираи васеи самтҳоро фаро мегирад. Агентиҳои мо минбаъд низ аз ислоҳоти кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувори он мусоидат хоҳанд кард.
АИ «Дунё».