Вақте ки ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии «Силк авиа» (Ӯзбекистон) ба майдони ҳавоии Андиҷон фуруд омад, ақрабаки соат яки зӯҳрро нишон медод. Офтоб болои сар беист нурафшонӣ мекард, вале ҳавои тобистон чандон гарму тоқатфарсо набуд. Касе аз мусофирон низ шитоб намекард, ки аз нури сӯзони Офтоб худро зудтар зери соя расонад.
Ҳадаф аз омадани журналистон ба шаҳри Андиҷон бозтоби чанд рӯйдоди муҳими фарҳангӣ буд, ки дар шаҳри навбунёди Бобур бояд ба вуқӯъ мепайваст. Дарвоқеъ, доир ба тафсилоти чорабиниҳои фарҳангӣ, ки бахшида ба расман ворид шудани рақси «Полкаи Андиҷон» ба Китоби рекордҳои Гиннесс ва «Пойтахти фарҳанги турк дар соли 2026 эълон шудани Андиҷон» муштарии рӯзномаро бевосита аз ҷои ҳодиса хабардор карда будем.
Ҳоло дар бораи он нақл хоҳем кард, ки Андиҷон чи шаҳрест ва дар кадом минтақаи он шаҳристони нави Бобур бунёд мегардад. Дар маъхазҳо омадааст, ки Андиҷон аз шумори шаҳрҳои калонтарин дар водии Фарғона мебошад ва дар канори ҷанубу шарқи водии Фарғона, андак дур аз минтақаи марзии Ӯзбекистон бо Қирғизистон воқеъ гаштааст.
Шаҳр дар Роҳи бузурги абрешим ҷой гирифтааст ва зодгоҳи адиби маъруф, сарлашкар ва арбоби давлатӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур мебошад.
Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Андиҷон дар даҳсолаи охир ба як шаҳри муҳими саноатии кишвар табдил ёфтааст. Гуфта мешавад, маҳсулоти гуногуни он, мисли маводи кимиёвӣ, асбобҳои рӯзгор ва электроника, хӯрокворӣ, мебел, плуг, насос, пойафзол, қисмҳои техникаи кишоварзӣ, асбобҳои гуногуни муҳандисӣ ва аробачаҳои маъюбӣ дар болоравӣ ва рушди иқтисоди мамлакат хеле мусоидат менамоянд.
Бо назардошти он ки Андиҷон минтақаи сераҳолитарини ҷумҳурӣ мебошад, соли 2021 бо ташаббуси Президент дар яке аз ҷойҳои барҳавои он ба сохтмони шаҳри нав оғоз бахшиданд, ки дар қаламрави ноҳияи Андиҷон қарор дорад.
Аз маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят бармеояд, ин шаҳр дар масоҳати 4 ҳазор гектар бунёд мегардад. Сохтмони шаҳр дар ҳашт марҳила ба нақша гирифта шудааст. Дар айни ҳол беш аз 60 бинои баландошёна бо 1 ҳазору 770 хона ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, сохтмони мактаб бо 1 ҳазору 680 ҷойи нишаст, кӯдакистон бо 420 ҷой, поликлиника барои 250 нафар ба фарҷом расидааст ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар ин шаҳристони нав корхонаи саноати сабук, маркази ипотека низ таъсис ёфтааст.
Манбаи мазкур меафзояд, ки аллакай оилаҳои зиёд ба хонаҳои тайёр кӯчида, бофароғат зиндагӣ мекунанд. Махсусан шодиву нишоти кӯдаконе, ки дар майдончаҳои муҷаҳҳази байни биноҳо машғули бозӣ ҳастанд, ба дили пиру барно шодӣ бахшидааст. Зеро онҳо то кунун аз чунин шароити муносиб ва барояшон хушоянд ҳаргиз бархурдор нашудаанд. Аз рӯи маълумоти дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят бармеояд, ки корҳои сохтмон бо суръати баланд идома доранд. Интизор меравад, ки то охири соли равон боз 40 бинои бисёрошёна бо зиёда аз як ҳазор манзил сохта шавад. Ғайр аз ин, бунёди нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Танҳо дар масоҳати 1 ҳазору 820 гектар замин майдонҳои сарсабз бунёд мегарданд. Пас аз анҷоми сохтмон беш аз 410 ҳазор нафар сокинони вилоят метавонанд дар ин ҷо маскан гузинанд ва зиндагӣ кунанд.
Барои таъмини оби нӯшокӣ иншооти нигоҳдорӣ ва интиқоли об бо иқтидори чор ҳазор метри мукааб ба истифода дода шудааст. Дар масоҳати 19 гектар боғи «Ӯзбекистони Нав» сохтаанд ва дар муддати кӯтоҳ зиёда аз даҳ ҳазор дарахтони ороишӣ, буттаҳо ва гулҳо атрофу акнофи онро сарсабзу хуррам мегардонанд. Боғи дорои амфитеатр, хиёбонҳо барои сайру гашт, бӯстонсаройҳо барои истироҳат, роҳравҳои ороишӣ, қаҳвахонаҳо, майдончаи бозии кӯдакон ва системаҳои равшанӣ ба шукӯҳи ин шаҳри нави Андиҷон шукӯҳи тоза зам намудааст.
Мо дар вақтҳои фориғ аз чорабиниҳои густарда ин шаҳри навбунёдро тамошо кардем. Эътимод ҳосил намудем, ки он хеле бо тарҳи хубу замонавӣ эъмор гардидааст ва барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хеле мусоидат мекунад. Махсусан, шомгоҳон ин боғи фароғатии навбунёд намои хеле пурҷилоро касб менамояд. Аллакай аз масофаи дур он ба чашм мехӯрад ва кас мехоҳад, ки зудтар аз наздик онро тамошо кунад.
Миқёси лоиҳа хеле доманфарох аст. Мувофиқи он дар 1 ҳазору 439 гектар биноҳои истиқоматии бисёрошёна сохта мешаванд.
Дар Андиҷони Нав, ки шаҳри Бобур унвон гирифтааст, муҷассамаи Заҳириддин Муҳаммад Бобур гузошта мешавад. Ин матлаб зимни сафари Президент ба Андиҷон баён гардидааст. Шавкат Мирзиёев андешаҳои худро дар бораи зарурати инъикоси воқеии симои Бобур ва табдил додани ин минтақа ба боғи фароғатӣ баён кардааст, ки интизор меравад, бар асоси мероси Бобурҳо сохта хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат шаҳри Бобур мунтазам ба макони маънавие табдил меёбад, ки арзишҳои миллии моро дар бар мегирад. Ин шаҳр, мисли шаҳри бузурге, ки ба номи шоир ва мутафаккири бузург Навоӣ дар вилояти ҳамноми Навоӣ номгузорӣ шудааст, ба пули маънавии байни таърихи пурифтихори мо ва оянда табдил меёбад ва дар таърихи нав ҷойгоҳи сазоворро касб хоҳад намуд. Дарвоқеъ, муҷассамаи нави бошукӯҳи Бобур дар нуқтаи баландтарини боғ насб карда хоҳад шуд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо барномаи хос қабул шудааст ва бар ин асос 250 миллион доллар ихтисос дода мешавад.
Дар ниҳоят, аз як чорабинии дигари экологӣ ёдовар шудан бамаврид аст, ки ба ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст. Ин ташаббус аз ҷониби як гурӯҳи ихтиёриёни ҷавони фаъол ташкил карда шудааст, ки дар он ҷавонони зиёд аз қисматҳои гуногуни шаҳр фаъолона иштирок кардаанд. Онҳо ғояҳои баланд бардоштани фарҳанги экологӣ дар байни аҳолӣ, ҳифзи табиат ва муносибати эҳтиёткорона бо муҳити зистро таблиғ намудаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти АНДИҶОН.