Олимони австралиягӣ усули нави истеҳсоли хӯлаи баландэнтропияро таҳия кардаанд, ки баъди коркарди махсуси гармӣ аз пӯлод ду баробар мустаҳкамтар мешавад.
Технология ба коркарди гармӣ дар ҳарорати нисбатан паст асос ёфтааст. Дар ҷараёни таҳқиқот олимон панҷ металл — гафний, ниобий, тантал, титан ва цирконийро бо ҳам омехта карданд. Пас аз обшавӣ дар ҳарорати баланд, хӯла то 550 дараҷа хунук карда шуда, 32 соат дар ҳамин ҳарорат нигоҳ дошта шуд. Дар натиҷа, атомҳо сохтори устувору муназзамро ташкил доданд.
Хӯлаи нави бадастомада, ки RHEAD ном дорад, аз рӯи мустаҳкамӣ аз пӯлод ду баробар, аз алюминий се баробар ва аз ҳамин гуна хӯлаҳои бо усулҳои анъанавӣ истеҳсолшуда низ ду баробар бартарӣ дорад.
Санҷишҳо нишон доданд, ки маводи нав ба фишори беш аз ду гигапаскал тоб оварда, ҳамзамон устувории худро нигоҳ медорад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин усули истеҳсол на танҳо самараноктар, балки аз нигоҳи иқтисодӣ ва экологӣ низ судманд буда, метавонад барои офаридани хӯлаҳои дигари пешрафта низ истифода шавад.
Манбаъ: Kazinform.