Адабиёти тоҷик пас аз истиқлоли кишварамон ба давраи навин ворид гашт ва имрӯз онро бо номи ҳавзаи адабии Ӯзбекистон мешиносанд. Ин ҳавза, албатта, ҷузъи ҷудонопазири адабиёти муҳташами форсу тоҷик буда, кунун як рӯди шӯхи кӯҳиеро мемонад, ки аз миёни сангистонҳо, талу тепаҳои бешумор ва ҳазорон садҳои табииву сунъӣ бурдборона ба худ роҳ мекушояд...
Ҳоло адабиёти мо ба гулистони воқеъӣ мубаддал гаштааст ва солҳои охир таборони мо аз кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон мутаваҷҷеҳи он мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар канори назм бахши дигари адабиёт – наср доиман дар ҳоли пешрафт аст. Адабиёти тоҷик дар муҳити Ӯзбекистони кунунӣ соҳиби носирони хубу умедбахше низ ҳаст ва онҳо новобаста ба мушкиоти рӯзафзуни зиндагӣ рисолати худро аз ҷон ба сомон мерасонанд; барои ғановати адабиёти мо часпу талош меварзанд ва дар шинохти худу миллати мо дар байни ҳамзабонон хидмат мекунанд. Насли нисбатан куҳансоли носирони мо Адаш Истад, Чоршанбеи Деҳнавӣ ва Бахтиёри Ҷумъа ва Муҳаммад Шодӣ ҳастанд, ки агарчи синну соли муътабаре доранд, аммо ҳамон хомаронӣ мекунанд. Ман ҳамчун як қаламкаш дар пеши пойи чунин устодон самимона сари таъзим фуруд меорам. Адабиёти мо дар бахши наср ҳанӯз нависандагони бисёри ҳирфаӣ ва муваффақе надорад. Ба ҷуз чанд нафари ангуштшумор, ки пайгирона ва огоҳона дар ин масир гом мебардоранд.
Айни ҳол аламбардори адабиёти тоҷикони Ӯзбекистон дар бахши наср Юнуси Имомназар аст. Ин адиби дардошно мунтазам бо таълифи асарҳои хубу хонданӣ дар ғановати адабиёт саҳм мегузорад. Азбаски адабиёти мо – тоҷикони қаламрави Ӯзбекистон қариб муттакое надорад ва дар ҳамин замина аслан кам тарғиб мегардад, тоҷикони ин хоки замоне адибпарвар ҳам аз ҳузур ва дастовардҳои нависандагони хушномашон ба таври бояду шояд огоҳӣ надоранд. Ҷои таассуф ва нигарониҳост, ки адибони моро дар минтақаҳо (берун аз қаламрави зодгоҳашон) намешиносанд ва аз осори онҳо комилан бехабар ва бебаҳраанд.
Огоҳ ҳастем, ки олимоне чун Ҷумъа Ҳамроҳ, Ҷаъфар Муҳаммад, Хусрав Саъдуллоҳ, Абдуқаюм Ҳасанов, Рамазон Абдуллоҳ, Ҷамшед Панҷизода ва боз чанд тани дигар гаҳу ногаҳ мақолаҳое ба нашр расонида, бештар бахши назми адабиёти моро таҳлил мекунанд, вале бахши наср ҳамоно аз назарҳо афтода ва дар ин самт як таҳқиқоти доманадоре дар амал татбиқ намегардад. Масалан, ҳанӯз осори адиби пухтакори мо Юнуси Имомназар, ки мебоист бо нашри нахустин китобаш таваҷҷуҳи олимони тоҷики ватаниро ба худ ҷалб месохт, мутаассифона, таҳқиқи дурусте нашудааст. Бояд бигӯем, нақд бино ба натиҷагириҳои адабиётшиносон ҷудо кардани сара аз носара аст. Таассуф, ки аксарияти ноқидон дар асарҳои бадеӣ танҳо сараро мебинанд, ки ин ҳолат ба пешрафти адабиёт мусоидат наменамояд.
Юнуси Имомназар пайгирона таноби роҳеро мекашад, ки аз миёни сангистонҳои силсилакӯҳҳои Нурато Баҳром Фирӯз барин адиби шаҳир рӯйидаву ба адабиёти тоҷик чандин асари нағз эҳдо карда буд.
Адабиёти даврони истиқлоли моро бидуни эҷодиёти бою рангини Юнуси Имомназар тасаввур кардан муҳол аст. Вай бо асарҳои хурду бузург, чун роману қисса ва ҳикоёти басо дилангезаш адабиёти форсизабонҳои Ӯзбекистонро ғанӣ гардонда ва маҳсули эҷодаш берун аз кишвар низ хонандагони худро доранд. Хоса, адибони кишвари ҳамҷавори мо – Тоҷикистон бо номи Юнуси Имомназар шинос ҳастанд ва қаламиҳои ӯро бо завқи баланд мутолиа мекунанд.
Юнуси Имомназарро нахуст адибони Ӯзбекистон моҳи феврали соли 2020 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон пазируфтанд. Моҳи июни соли 2021 аз сӯйи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ӯ ҷоизаи адабии «Нишони сухан»-ро доданд ва моҳи декабри соли 2021 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шомил карданд.
Ин воқеоти сурурангез, яъне пайвастан ба ду иттиҳодияи адибон маънои онро дошт, ки адибони шуҳратёр дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳунари нигорандагӣ ва истеъдоди фитрии як тан қаламкаши ҳамзабони моро дар навиштани асарҳои мансур эътироф карданд.
Чакидаҳои қалами ӯ зери чандин ҷилд гирдиҳам омада ва дар шакли маҷмуаҳо ба дасти хонандагон расидаанд. «Аз Гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон», «Аз санг сахт, аз гул нозук» , «Ҷоми саргардон», «Деҳаи зархез», «Сабзу сурх», «Гули санг» ва «Марзи умед» аз ин қабиланд. Нашри романи «Сабзу сурх» барои ҳавзаи адабии мо як воқеаи таърихӣ буд, чун адибони мо дар иншои асарҳои калонҳаҷм чандон ҷуръат надоранд ва бо нигоштани ҳикоёту қиссаҳо иктифо меварзанд. Падид омадани «Сабзу сурх»- ро бемуболиға метавон таҳаввуле дар насри адабиёти тоҷики Ӯзбекистон муаррифӣ кард.
Қиссаи дигари ӯ бо номи «Ҳасрат» дар жанри тамсил нигошта шуда, ки муаллиф аз забони ҳайвонот ва дар тимсоли онҳо ба таҳлили мавзуъҳои иҷтимоӣ мепардозад ва аз он садо баланд месозад, ки бо тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба рӯйи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, чун меҳру муҳаббат, расидан ба қадри ҳамдигар... соя афтода, одамон бештар дилозор шудаанд ва аз барои манфиате омода ҳастанд, ки ба ҳам бас озорҳо расонанд.
Бояд гуфт, ки мавзӯи навиштаҳои Юнуси Имомназар басо рангоранг буда, бештар хонандаро ба худшиносӣ талқин месозанд. Вай зиёдтар аз дарди миллат менависад ва аз беҳуввиятии ҳамзабонон, ки ба хотири обрӯ ва парвариши шикам аз миллати худ ҳазар мекунанд, сахт оташин мешавад ва ингуна тоҷикони миллатбезорро сахт зери тозиёнаи танқид мегирад. Аксари мавзуи ҳикоёти муҷази Юнуси Имомназар аз дарди миллат фароҳам шудаву сареҳ таъкид мекунанд, ки бадтарин хиёнат хиёнат ба шири сафеди модар аст. Ӯ зери номи «Аз кӯлбори Дарвеш» силсилаи достонҳои хурдеро гирдиҳам овардааст. Дар ҳикояе аз ин силсила ба қалам омадааст, ки Дарвеш ба хонаи як дӯсти худ меравад ва писараки ӯ дар посухи саволҳои Дарвеш на ба забони модарӣ ҷавоб медиҳад ва аз ҷумла мегӯяд, ки «Падарам ба қабристон рафтаанд, то хокҷои модари худро зиёрат кунанд.» Вақте он дӯсташ аз оромгоҳ бармегардад ва шодон эълом медорад, ки ба зиёрати қабри азизони худ рафта ва дуою фотеҳа кардааст, Дарвеш ғазабнок мешавад ва якрост мегӯяд: « Рафиқ, агар хоҳӣ рӯҳи модарат шод бошад, ба фарзандат забони модарӣ ёд деҳ!» Дар ҳамин ҳикояти муҷаз адиб ҳоли имрӯзи аксари ҳамзабонони моро равшан гуфтааст. Ва дар ҷойи дигар мехонем: «Мои тоҷик ба андозаи ҳамин сабзазор худогоҳӣ надорем! Бубинед, ин сабзаҳо ҳар сол бештар реша зада, паҳнои густурдатарро фаро мегиранд, мо бошем... ҳарчи бештар ба асли насл теша мезанему аз вусъати буда мекоҳему мекоҳем».
Забони асарҳои адиб басо дилнишин буда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки вай донандаи хуби ин забон аст ва ҳар вожаро дар мақоми худ ба кор бурда ва худро низ масъул ҳис мекунад, ки ба ҷойи калимоти бегона вожаҳои навро истифода кунад. Вай аз забони имрӯзи ҳамзабонони мо дар Эрон огоҳона ва ба таври гулчин вожаҳоеро вориди забони мо месозад, ки айни вақт забону адабиёти мо эҳтиёҷе доранд. Навиштаҳои ӯ бо сохти нигориши ҳамзабонони мо омезиш ёфта ва ба як сабки алоҳидае мубаддал гаштааст, ки тадқиқи алоҳидае мехоҳад.
Адиб Юнуси Имомназар ба ҷуз аз нависандаи ҳирфаӣ будан мутарҷими хубе ҳам ҳаст. Бо шарофати заҳматҳои ӯ осори нависандагони маъруфи Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр шудаанд. Таҳти номи «Хирмани сухан» се китобе нашр шуданд, ки аз шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаҳои осори чил нависандаи шинохтаи ӯзбек иборат аст. Ҷилди аввал соли 2019 рӯйи чопро дид ва соли 2024 ду китоби дигари «Хирмани сухан» аз тариқи нашриётҳои «Тамаддун» ва «Муҳаррир» ба табъ расиданд. Огоҳ гаштем, ки дар ин авохир пас аз заҳматҳои фаровон романи нависандаи соҳирқалами ӯзбек Абдулло Қодирӣ бо номи «Рӯзгори гузашта» низ дар тарҷумаи Юнуси Имомназар дар Эрон рӯйи чопро дидааст ва ин навиди фарҳангӣ басо фараҳангез буд. Кунун ҳамзабонони мо ҳам дар Эрон намунаи барҷастаеро аз адабиёти ӯзбек мутолиа ва ба ҳунари нигорандагии Абдулло Қодирӣ барин ҳамватани мо таҳсин хоҳанд гуфт. Ин тавр, Юнуси Имомназар собит намуд, ки дар кори тарҷума низ дасти баланде дорад. Вай дар тарғиби адабиёти ӯзбек дар байни хонандагони тоҷик ҳиссаи муносибе гузошта ва созмонҳои адабӣ, чун Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистонро мебояд, ки ба қадри ин заҳматҳо бирасад ва ба мутарҷим дар кори таҳкими дӯстии миллатҳои тоҷику ӯзбек ҷоизаеро эҳдо кунад.
Шариф Халил,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.