Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми таб (безгак)

Дар табобати халқӣ аз қисми рӯизаминии ҳазориспанд ҷӯшоба тайёр карда, барои муолиҷаи бод, безгак, саръ (эпилепсия), бехобӣ, шамолхӯрӣ ва дигар бемориҳо истифода мегардад. Ғайр аз ин, барои қӯтур, хориш ва  бемориҳои дигари пӯст низ даво мебошад.
 
Ҳангоми хасташавии ғадудҳо
 
Ба бемороне, ки ғадудҳои фаъолияти гуногунро иҷрокунандаашон осеб дидаанд, тавсия дода мешавад, ки барги чормағзро дам карда, кам-кам, дар як рӯз як маротиба нӯшанд. Барои тайёр кардани дамхурда 1 қошуқ барги майдашудаи чормағзро дар 200 грамм оби ҷӯшон 30 дақиқа дам медиҳанд. Аз он дар давоми як шабонарӯз кам-кам нӯшидан зарур аст.
 
Ҳангоми бемаҷолӣ
 
Оё вақти саҳар ба туфайли бемаҷолӣ аз ҷоятон хестан барои шумо душвор аст? Дар чунин ҳолат қаҳва роҳи ҳалли муаммо нест! Як истакон шарбати себ, як мушт буттаи мурӯди ҷангалӣ (черника) ва як қошуқча хокаи спирулинаро бо ёрии махлуткун (блендер) омехта кунед – чунин қиёми қувватбахш қобилияти баланд бардоштани масуниятро ҳам дорад. Барои мустаҳкам кардани таъсир, истеъмоли магний аҳамияти калон дошта, он дар табдил ёфтани глюкозаи хун ба энергия фаъолона иштирок мекунад.
 
Ҳангоми безурриётӣ
 
Доруи зерин барои мардони безуриёт муфид аст:
Ба бонкаи 2-литра 1 литр асали соф рехта, сипас каме тар карда аз  гӯштқимакунак як мушт мавизи сиёҳ, як мушт зардолуи хушк ва ҳамон қадар чормағзро гузаронида, хуб омехта мекунанд. Агар ба ин омехта 20 қошуқча гардолуди гул (цветочная пьлца) илова шавад, таъсири шифобахшии он боз ҳам бештар мегардад. Агар субҳона мунтазам як қошуқ истеъмол карда шавад, қобилияти насловарии мард баланд мешавад.
 
Ҳангоми беҳолӣ
 
Ба 200 грамм асал 10 дона «кучала» (Аронник Королькова)-ро майда карда, шабона 1 қошуқча истеъмол мекунанд. Ё як донаи онро кӯфта, ба шир илова карда, инчунин бо оби гарм нӯшидан мумкин аст. Ин барои беҳолии гурда, миён ва пойҳо фоида дорад. Миқдори якрӯзаи он то 10 грамм мебошад.
 
Ҳангоми сӯхтани дараҷаи якум
 
Дараҷаи I – ҳангоми сӯхтагии рӯякии эпидермалӣ пӯст сурх шуда, варам мекунад. Дар чунин ҳолат (сурхшавии пӯст) молидани спирти тиббӣ ё одеколон кифоя аст.
 
Барои хориҷ кардани бод
 
Ҳазориспанд дорои хусусиятҳои шифобахш буда, барои хориҷ кардани бод аз рӯдаҳо ва таҳлили моддаҳои ҷамъшуда мусоидат мекунад.
 
Ҳангоми дарди ғадуди бодомшакл
 
Ҳангоми дарди ғадуди бодомшакл гулӯро бо шарбати нави исфаноҷ чайқондан фоида дорад.
(Давом дорад).
 
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: