Дар Сӯх ба корҳои бузурги сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшида шуд

Қарори Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх дар солҳои 2026-2028, таъмини шуғли аҳолӣ тавассути истифодаи захираҳо ва имкониятҳои мавҷуда ва рушди босуръати соҳибкорӣ» аз 8 июли соли равон дар дилу дидаи мардуми ин минтақаи дурдаст шодиву нишот ва ифтихор ба бор овард.

Зеро ноҳия аз чаҳор тараф дар иҳотаи Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ гаштааст ва танҳо дар даҳсолаи охир бо ташаббуси Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин ноҳия мавриди таваҷҷӯҳи ӯ ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст.

 Дар чорабинии тантанавӣ, ки бо иштироки ҳокими  вилоят Хайрулло Бозоров, мудири шуъбаи Дастгоҳи Президент Бобур Хоҷаев, роҳбарони идораҳо ва ташкилотҳои вилоятӣ, фаъолони ноҳия, нурониҳо, ҷавонон ва намояндагони мардуми ноҳияи Сӯх баргузор гардид, моҳият, маъно ва муҳтавои ин қарори таърихии Президенти мамлакат ташреҳ гардид.

 -Сӯх сарзамини биҳиштмонанд аст, ки аз нигоҳи Худо баракат ёфтааст ва хоки он баракатёфта аст, бахусус сарвати арзишмандтарини он мардуми боистеъдод, далеру шуҷоъ ва меҳнатдӯсти он аст. Ноҳияи Сӯх ва аҳолии он ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишварамон қарор доранд. Қарори вижаи ҚП-258 «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх дар солҳои 2026-2028, таъмини шуғли аҳолӣ тавассути истифодаи захираҳо ва имкониятҳои мавҷуда ва рушди босуръати соҳибкорӣ», ки дирӯз аз ҷониби Роҳбари давлат қабул шуд, аҳамияти бузург дорад, зеро он воқеан оғози рушди нави ин минтақаи биҳиштосои вилоятамонро фароҳам меорад,-изҳор намуд Хайрулло Бозоров.

 Вай илова намуд, ки ин қарор барои рушди иҷтимоию иқтисодии Сӯхзамин дорои имкониятҳои комилан нав мебошад. Бар асоси он корҳое ба сомон мерасанд, ки дар табдил додани минтақа ба ноҳияи муосири озод аз бекорӣ ва камбизоатӣ, афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва афзоиши даромад ва некӯаҳволии аҳолӣ басо мусоидат хоҳад кард.

 Гуфта мешавад, ки дар доираи қарори Сарвари давлат барои Сӯх 1,5 триллион сӯм ҷудо карда мешавад, ки татбиқи 162 лоиҳаи сармоягузорӣ ва иҷтимоиро дар бар хоҳад гирифт.

 -Нишондиҳандаҳои мушаххаси ҳадафманд барои рушди ҳамаҷонибаи ноҳияи Сӯх дар солҳои 2026-2028 муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 80 миллион доллар, афзоиши содирот ба 15 миллион доллар, афзоиши шумораи сайёҳон 1,4 маротиба ва таъмини суръати устувори афзоиши саноат, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ барномарезӣ шудааст,-гуфт Х.Бозоров.

 Вай таъкид варзид, ки сайёҳӣ яке аз "муҳаррикҳои" нави иқтисоди Сӯх хоҳад шуд. Дар соҳили 5-километраи дарёи Сӯх, ки дар паҳлӯи марказ қарор гирифтааст, дар маҳаллаҳои "Сариканда", "Ровон" ва "Шарқобод", тибқи нақшаи генералӣ, бо сармоягузории 720 миллиард сӯм дар масоҳати 176 гектар як маҷмааи муосири истироҳатӣ ва саломатӣ сохта мешавад.

 Гуфта шуд, ки дар баробари ин корҳои бузург барои навсозии шабакаҳои муҳандисӣ ва коммуникатсионӣ, иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохтори роҳу нақлиёт анҷом дода мешаванд. Хизматрасонии мунтазами ҳавоӣ, ки барои Сӯх басо ногузир мебошад, ба роҳ монда мешавад ва парвозҳоро ҳавопаймоҳои “Cessna-208”, “Caravan” ва “L-410” ба ҷо меоранд.

 -Ҳадафи асосии ҳамаи лоиҳаҳои амалӣ таъмини некӯаҳволии ҳар як оила ва эҳсоси возеҳи тағйироти амалӣ дар ҳаёти аҳолӣ мебошад,-иброз дошт дар охири суханронӣ Хайрулло Бозоров.

 Дар чорабинии мазкур роҳбари Департаменти Дастгоҳи Президент Бобур Хоҷаев ба минбар баромада, таъкид варзид, ки ин қарори қабулшуда аз ҷониби Президент барои табдил додани Сӯх ба минтақаи шукуфонтар, муосиртар ва рушдёфта хизмат хоҳад кард. Ба гуфтаи мавсуф дар ояндаи наздик Сӯх комилан намои тозатареро касб хоҳад кард ва ба таври шинохтанашаванда тағйир хоҳад ёфт.

 Баъд Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Ёдгор Саъдиев Сӯхи шарифро як қисми Ӯзбекистон хонда, афзуд, ки мисли ин диёр макони зебое бо табиати беназир ва мардуми меҳнатдӯсти на дар ҳама ҷо пайдо кардан имконпазир мебошад.

 Дар пайи анҷоми ин чорабинӣ, ки бо таронаҳои марғуб ва рақсҳои дилнишин ба поён расид, ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ, ки барои таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори минтақа равона шудаанд, ҳусни оғоз бахшида шуд. Корҳои мустаҳкам кардани соҳилҳои ҳарду соҳили дарёи Сӯх ва сойи  Обишир, ки аз минтақаи Сойбозори ноҳия мегузарад,  сохтмони 12 бинои истиқоматии 7-ошёна, таъсиси клиникаи хусусии муосир дар Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Истиқлоли маркази ноҳия аз ҳамин шумор мебошанд.

 Маълум шуд, ки клиникаи хусусӣ ба маблағи 6 миллион долларро соҳибкори маҳаллӣ Гулшан Ҳотамов ва сармоягузорони рус амалӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, клиника дар асоси стандартҳои муосири тиббӣ сохта мешавад  ва имкониятҳоро барои пешниҳоди хизматрасонии тиббии босифат ва баландсифат ба аҳолӣ васеъ мекунад. Илова бар ин, ин лоиҳа дар рушди сайёҳии тиббӣ дар минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти минбаъдаи инфрасохтори ин соҳа нақши муҳим хоҳад бозид.

 Боздиди ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров аз макони таърихӣ ва муқаддаси ноҳияи Сӯх - зиёратгоҳи "Санги Навишта"мӯъҷиби он шуд, ки қаламрави зиёратгоҳро боз ҳам зеботар гардонанд, инфрасохторро беҳтар созанд, шароити муосир ва бароҳатро барои зоирон фароҳам оваранд, инчунин ин маконро ба масирҳои сайёҳии минтақа дохил кунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: