Яке аз коргардонҳои машҳури кино, устоди филмҳои мустанад, Артисти хидматнишондодаи Тоҷикистон, Ходими шоистаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Бақо Содиқов 25 июни соли ҷорӣ дар Олмон вафот кард.
Вай 13 июли соли 1941 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфта, ба воя расидааст. Аҷал имкон надод, ки санъаткори бузург пас аз 18 шабонарӯз ҷашни 85-солагии худро бо ёру дӯстон таҷлил намояд. Чӣ илоҷ? Қонунҳои бешафқати ҳаёт ба шоҳу гадо баробаранд.
Бақо, ҳанӯз вақте шогирди мактаби миёна буд, дар синамо нақш офаридааст. Соли аввали хатми мактаби миёна бахташ натохт, донишҷӯ шуда натавонист. Ӯ соли хониши 1960-1961 ба факултети актёрии Институти театр ва мусаввирии Тошканд ба номи Островский дохил шуда, онро соли 1967 хатм кард. Б. Содиқов соли 1978 дар Маскав курси олии сенариянависон ва коргардонҳоро таҳти роҳбарии Э. Лотану ба итмом расонд. Филми «Адонис XIV» кори дипломии ӯ буд. Бақо Содиқов соли 1986 барои ин филм соҳиби дипломи фахрии ҳайати доварони кинофестивали байналмилалии Мангейм шудааст.
Соли 1987 бошад, вай барои филми «Глиняие птицы» («Паррандаҳои лойин») соҳиби мукофоти махсус гардид. Соли 1988 дар кинофестивали байналхалқии Маскав филми ӯ «Адонис XIV» сазовори мукофоти FIPRESC шуд. Бақо Содиқов соли 1988 дар кинофестивали байналмилалии Одонсе барои филми «Адонис XIV» мукофоти олии кинофестивал – Гран-приро ба даст даровардааст. Вай соли 1992 барои филми «Бухорои шариф» соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ гардид.
Либреттои балети «Шафтолуи заррини Самарқанд» низ ба қалами ӯ дахл дорад. Тавре ки мутахассисон эътироф кардаанд, Содиқов аз қатори беҳтарин офарандагони синамо ҷой гирифтааст. Ӯро беҳуда «шоири экран» ё «Тарковскийи тоҷик» намегуфтаанд. Вай муаллифи бештар аз чил филми мустанад ва як қатор филмҳои ҳунарӣ мебошад. Дар замони шӯроҳо, ки баёни фикр талабу андоза дошту «озодии сухан» меъёри худро тақозо менамуд, ба Бақо Содиқов лозим омадааст, ки фикру ғояҳои худро пардапӯш, рамзӣ, тамсилӣ ифода кунад. Беҳтарин филмҳои вай бо ҳамин услуб эҷод шудаанд ва то замони «бозсозӣ» баҳои муносиб нагирифтаанд.
Филмҳои ҳунарии «Гирдбод», «Ҷосус», «Ҷазира», филмҳои ҳуҷҷатии «Аввал будан мушкил аст», «Адонис XIV» дар таърихи кинои тоҷик мақоми махсус доранд.
Бақо Содиқов Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ватани азизи худ мешуморид. Вай соли 1961 дар филми «Панҷ нафар аз Фарғона» («Ӯзбекфилм») нақши асосиро бозида, дертар соли 1967 ба «Тоҷикфилм» чун коргардон ба кор омадааст.
Бақо Содиқов сӣ сол пеш – солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафтааст. Вай дар ин ҷо филмҳои «Мурувват», «Фидоиён»-ро (дар бораи ҷадидони Бухоро) ба навор гирифтааст.
Бақо Содиқов бо писари ҳамкасбаш Улуғбек ба Бухоро зуд-зуд омада, бо ёру дӯстон мулоқот мекард, бо рафиқони давраи бачагиаш вохӯрда дар кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳри азизаш гаштугузор менамуд, ба гузари Говкушон – ба ҳавлии наздиконаш ташриф меовард. Банда шодам, ки дар баъзеи ин мулоқотҳо бо ӯ ҳамнафас будам.
Тақрибан 10-15 сол муқаддам дар бораи ӯ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолае навиштаам. Бори охир ӯро ду сол пеш дар Бухоро дида будам ва он гоҳ ӯ нияти ба Тоҷикистон рафтан дошт: «Ҷаноби Олӣ барои машварати банаворгирии филми «Ҷомию Навоӣ» даъват кардаанд» гуфта буд вай он гоҳ.
Б. Содиқов инсони одӣ, оқил, хоксору фурӯтан буд, се соли охир дар Аврупо будубош дошт. Ӯ доир ба алоқаҳои байниҳамдигарии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаю Қазоқистон чунин гуфтааст: «Бовар мекунед, Тоҷикистон дар дили ман аст. Ман дар Ӯзбекистону Қазоқистон ва Туркманистон будам. Миёни ин ҳама ҳеч фарқ намегузорам. Чӣ хел ҳамаи ин марзҳоро ҷудо карда мешавад? Ман аз аҳли сиёсат нестам, як филмбардорам, одами эҷодиям ва фикр мекунам натанҳо маданияту дини мо, балки эҳсоси мо як аст. Мо гӯшту нохунем».
Тавре ки писараш Улуғбек хабар додааст, пайкари падарашро дар Олмон ба хок супоридаанд.
Б. Содиқов дар Олмон дар охири умр бо нашри зиндагиномааш машғул шуда, бахши аввали он аз чоп баромадааст...
Роҳбарияти муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба муносибати фавти Б. Содиқов навиштааст: «Осори ӯ бо диди амиқи ҳунарӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ фарқ намуда, ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ барои наслҳои имрӯзу фардои синамогарон боқӣ хоҳад монд. Ному фаъолияти устод Бақо Содиқов дар таърихи синамои тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, хотираи неки эшон ҳамеша дар қалби дӯстдорони фарҳангу санъат зинда хоҳад буд...»
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Бухоро.