Табиист, ки ин масъала ҳоло фикру зикри ҷавонон-довталабонро банд кардааст. Мо хостем ба ин ва як қатор саволҳои дахлдор ҷавоб пайдо кунем. Бо ин мақсад ба сардори шуъбаи вилоятии Агентии баҳогузорӣ ба дониш ва малака Неъмат Севинчов рӯ овардем.
– Неъмат Гулбоевич, дар бораи имкониятҳои нав ва дигаргуниҳои муҳими ҷараёни қабул барои соли таҳсили 2026-2027 ҳарф мезадед.
– Дар муассисаҳои таълими олӣ дар ҷараёни қабули довталабон барои соли хониши 2026-2027 як қатор навгониҳо падидор шуданд. Ин дигаргуниҳо бо мақсади боз ҳам такмил додани низоми қабул, ба довталабон фароҳам овардани шароити қулай, инчунин баҳри афзун гардидани нуфузи сертификатҳои байналхалқию миллӣ хидмат мекунад.
Низоми қабул боз ҳам қулай гардид. Аз соли ҷорӣ сар карда низоми барӯйхатгирии онлайни довталабон дар асоси дизайн ва интерфейси замонавии таҷдидёфта дар амал татбиқ мегардад. Ин ҷараёни ҳуҷҷатсупориро соддатар намуда, барои истифодабарандагон боз бештар муҳити созгор фароҳам меорад.
Инчунин, ҳангоми иштирок дар санҷишҳои тест шаҳрвандоне, ки аз онҳо маблағ ситонда намешавад, муайян гардиданд.
Аз ҷумла, шахсоне, ки ногирои гурӯҳҳои I ва II мебошанд, бачагони маълӯл, шаҳрвандоне, ки таъминоти онҳо пурра аз ҳисоби давлат аст, оилаҳое, ки шомили рӯихати низоми ахбори «Реестри иҷтимоӣ» шудаанд, фарзандони онҳо, инчунин ҷавононе, ки ба «Дафтари ҷавонон» дохил шудаанд, аз пардохти маблағи тест озод карда мешаванд.
– Барои хидматчиёни ҳарбӣ навгоние ҳаст?
– Ҳаст. Барои онҳо имконияти иловагӣ пайдо шуд.
Мувофиқи қарори Президенти мамлакат аз 7 апрели соли 2026 ба сарбозон-аскароне, ки хидмати муддатноки ҳарбиро ба ҷо меоранд, имконият дода шуд, ки чун довталаби намуди масофавии таълими бакалавриати муассисаи таълими олӣ аз рӯихат гузаранд.
Ин барои ҷавонон имконияти навест, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ таълими олӣ гиранд.
– Муносибат ба сертификатҳои забони хориҷӣ чӣ гуна аст?
– Талабҳо ба сертификатҳои забони хориҷӣ тағйир ёфт. Ҳангоми қабул барои соли таҳсили нав дар самти маҷмӯи фанҳое, ки дар он забони хориҷӣ фанни аввалин шуморида мешавад, барои донистани забони хориҷӣ камаш сертификати дараҷаи В1 – эътирофи миллӣ ё байналмилалӣ талаб карда мешавад. Аввал барои ин равия сертификати дараҷаи В2 талаб карда мешуд.
Ба соҳибони сертификати В1 75 фоизи холҳои умумии ин фан,
ба соҳибони сертификати В2 ва аз он баланд холҳо пурра дода мешавад.
Ин тартиб ба ҳамаи сертификатҳои миллию байналмилалие, ки мӯҳлаташон нагузаштааст, дахл дорад ва сарфи назар аз фанни ихтисосии якум ё дуюм будани забони хориҷӣ амал мекунад.
– Ба соҳибони сертификатҳои байналхалқӣ чӣ гуна имкониятҳо мавҷуд аст?
– Ба соҳибони сертификатҳои байналхалқӣ имкониятҳои васеъ дода шудааст. Дар низоми қабул ба хатмкунандагони барномаҳои байналмилалии таълим низ эътибори ҷудогона дода шудааст.
Довталабоне, ки хусусан аз барномаи «A-level» ба «В» ва натиҷаи аз он баландтар, инчунин оид ба барномаи «International Baccalaureate (IB)» 32 хол ё ки аз ин баландтар ҷамъ овардаанд, оид ба самтҳои дахлдор таълим дар асоси пардохти базавӣ -шартномавӣ ба тарзи иловагӣ қабул карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, довталабоне, ки дар имтиҳони байналмилалии SAT 1200 хол ва ё аз он баландтар гирифтаанд, мувофиқи сертификат дар асоси гранти давлатии иловагӣ ба хондан қабул карда мешаванд.
– Сертификатҳои миллӣ чӣ гуна мавқеъ доранд?
– Мавқеъ ва аҳамияти онҳо меафзояд. Абитуриентоне, ки соҳиби сертификати миллианд, ҳангоми азрӯихатгузарӣ масъалаи истифодабарӣ аз сертификати миллӣ, ё ки мувофиқи тартиби умумӣ супоридани тестро мустақилона интихоб мекунанд. Агар истифодабарӣ аз сертификат интихоб гардад, аз фанни дахлдори ихтисосӣ тест супорида намешавад. Мувофиқи дараҷаи сертификат хол гузошта мешавад. Агар сертификат ба яке аз фанҳои маҷбурӣ алоқаманд бошад, довталаб аз он фан тест намесупорад ва соҳиби холи максималӣ мегардад. Ба сертификатҳои миллӣ мувофиқи дараҷаҳои А+, А, В+, В ва С+ баҳо гузошта мешавад.
Агар сертификатҳои воломақом ба соҳибашон холҳоро пурра (максималӣ) дастрас кунанд, дигарашон мувофиқи дараҷаашон дар асоси тартиби муайяншуда холҳо меоранд.
– Кадом тоифаи шаҳрвандон аз имтиёзҳо истифода мебаранд?
– Мувофиқи қонунҳои дарамал шаҳрвандони зерин ҳангоми дохилшавӣ ба таълимгоҳҳои олӣ аз имтиёзҳо истифода бурда метавонанд: фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ, ғолибони озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, соҳибони мукофотҳои давлатӣ, бачагони ятим, довталабоне, ки сертификати забони хориҷӣ доранд, занону духтароне, ки собиқаи меҳнатӣ доранд,
фарзандони оилаҳое, ки шомили реестри камбизоатӣ ҳастанд,
ҷавононе, ки сокини Қароқалпоқистон мебошанд (доимӣ) ва таълимгоҳҳои миёна, миёнаи махсус ё ки муассисаҳои таълими касбии онҷоро хатм кардаанд.
Бояд таъкид намуд, ки бо баробари тағйироти дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрӣ ё қатъёбии онҳо ин имтиёзҳо низ аз байн рафтанашон мумкин аст.
Хулоса, дар низоми қабули соли таҳсили 2026-2027 дигаргуниҳо бо мақсади боз ҳам шаффоф, адолатнок ва қулай шудани ҷараён сурат гирифтааст.
Хусусан, аз нав дида баромадани талаб оид ба сертификатҳои байналмилалӣ фароҳам овардани имкониятҳои рақамӣ барои довталабон имкониятҳои хуб ба вуҷуд меорад.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.