14 июл дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво то 45 дараҷа мерасад

Имрӯз дар аксари минтақаҳои Ӯзбекистон ҳавои гарм ҳукмфармо шуда, дар баъзе вилоятҳо ҳарорат то 45 дараҷа мерасад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо бошад, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва эҳтимоли ба амал омадани сел пешбинӣ шудааст.

Тибқи пешгӯии «Ӯзгидромет»:
Тошканд: ҳаво камабр, бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3–8 м/с. Ҳарорат шабона 24–26°, рӯзона 38–40°.
Қароқалпоқистон ва Хоразм: ҳаво камабр, дар баъзе ҷойҳо тағйирёбанда, бебориш. Шамол 7–12 м/с, дар баъзе мавзеъҳо то 13–18 м/с пурзӯр шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат шабона 24–29°, рӯзона 39–44°.
Бухоро ва Навоӣ: ҳаво камабр, бебориш. Шамол 7–12 м/с, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 м/с шиддат гирифта, чангу ғубор мушоҳида мешавад. Ҳарорат шабона 25–30°, рӯзона 40–45°.
Тошканд, Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқанд: ҳаво камабр, дар баъзе ҷойҳо тағйирёбанда, бебориш. Шамол 7–12 м/с. Ҳарорат шабона 23–28°, рӯзона 38–43°.
Қашқадарё ва Сурхондарё: ҳаво камабр, бебориш. Шамол 7–12 м/с. Ҳарорат шабона 25–30°, рӯзона 39–44°.
Андиҷон, Намангон ва Фарғона: ҳаво камабр, дар баъзе ҷойҳо тағйирёбанда, бебориш. Шамол 5–10 м/с. Ҳарорат шабона 22–27°, рӯзона 35–40°.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо ҳаво камабр ва тағйирёбанда хоҳад буд. Дар баъзе мавзеъҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шуда, эҳтимоли ба амал омадани сел вуҷуд дорад. Шамол 7–12 м/с буда, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 м/с пурзӯр мешавад. Ҳарорат шабона 15–20°, рӯзона 28–33° хоҳад буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: