Смартфон бадани моро чӣ гуна тағйир медиҳад?

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки истифодаи тӯлонӣ ва нодурусти смартфонҳо ва дигар дастгоҳҳои рақамӣ метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.

Ба гуфтаи онҳо, хам нигоҳ доштани сар ҳангоми истифодаи телефон боиси пайдо шудани «гардани технологӣ» (tech neck), дарди гардану сутунмуҳра ва ҳатто тағйир ёфтани қомати бадан мегардад.

Истифодаи аз ҳад зиёди дастгоҳҳои рақамӣ инчунин метавонад боиси хастагии чашм, заиф шудани қувваи мушакҳои даст, коҳиши маҳорати ҳаракатҳои дақиқ ва дигар мушкилоти ҷисмонӣ шавад. Мутахассисон бар ин назаранд, ки камҳаракатӣ ва вақти зиёди дар муҳити пӯшида сипаришаванда низ ба ин ҳолатҳо мусоидат мекунанд.

Барои коҳиш додани ин таъсирҳо тавсия мешавад:

- экранро дар сатҳи чашм нигоҳ доред;
- ҳар 20–30 дақиқа аз экран танаффус кунед;
- бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намоед;
- мунтазам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед;
- бештар ба корҳои дастӣ, аз ҷумла навиштан, расмкашӣ ё навохтани созҳои мусиқӣ вақт ҷудо кунед.


Коршиносон таъкид мекунанд, ки худи технология хатарнок нест. Муҳим он аст, ки аз он дуруст ва ба меъёр истифода барем, то саломатии ҷисмонӣ ва қобилияти фикрронӣ ҳифз шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: