Чизи беҳтарин

Шоҳе буд ҷавон ва тавоно. Рӯзе ҳангоми сайругашт чашми ӯ ба духтари соҳибҷамоли деҳқоне афтода, ба вай ошиқ мешавад ва ба вазир мефармояд, ки деҳқондухтарро ба ӯ хостгорӣ намояд. Вазир эътироз мекунад: ин кор ҳаргиз ҷоиз нест, айб мекунанд. Вале шоҳ...

Ноилоҷ хоҳиши ӯро ба ҷо меоранд. Баъди тӯй деҳқондухтарро бо аробаи зебу зиннатдодашуда ба дарбор меоранд. Чанд муддат хушу хурсанд зиндагӣ мекунанд, вале ниҳоят гуфтаи вазир рост мебарояд: шоҳ зери таънаву маломати мардум мемонад.
Як бегоҳ аз таъсири майи ноб сархуш мешавад шоҳ ва ба духтар маддаи дил мекафонад:
–  Ман дигар тоқати шунидани таънаи мардум надорам.
Аз ҳамин қаср чизи беҳтаринро бигиру баромада рав!
Духтар аввал сахт ғамгин мешавад, вале мегӯяд, ки аз рӯйи гуфтаи шоҳ амал хоҳад кард. Фақат як хоҳиш дорад: боз чанд лаҳза онҳо бо  ҳам ба сар баранд.
Шоҳ хоҳиши ӯро мепазирад. Онҳо то бевақтии шаб базм мекунанд. Шабона, чун шоҳ аз таъсири шароб бехуд шуд, духтар бо ҳамон аробаи зебу зинатдодашудае, ки вайро ба дарбор оварда буданд, шоҳро ба ҳавлии падари деҳқонаш мебарад.
Саҳарӣ шоҳ ба худ омада, худро рӯйи кати фарсудае мебинад.
– Ман дар куҷоям? – бо тааҷҷуб мепурсад аз духтар, ки болои сараш меистод.
– Дар хонаи падари ман, – ҷавоб медиҳад духтар.
– Кӣ маро овард?
– Ман!
– Чаро?
Духтар оҳ мекашад.
– Охир, шумо гуфтед, ки чизи беҳтарини қасрро бо худ бубар. Дар қаср беҳтар аз шумо бароям чизе набуд...
 
Таҳияи Собир Эргашев,
ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: