Санаҳои имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ муайян шуданд

Имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои соли таҳсили 2026–2027 аз 14 то 23 июл (давоми 10 рӯз) баргузор мешаванд.

Имтиҳонҳо ҳар рӯз дар ду баст доир мегарданд: басти якум — соати 08:00, басти дуюм — соати 15:00. Аз довталабон талаб карда мешавад, ки ҳадди ақал 1,5 соат пеш аз оғози имтиҳон ба макони баргузорӣ ҳозир шаванд.
Довталабоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳо ба таври онлайн сабти ном шудаанд, метавонанд «Иҷозатномаи довталаб»-ро аз ҳисоби шахсии худ дар сомонаи my.uzbmb.uz зеркашӣ ва чоп намоянд.
Ҳар довталаб танҳо дар макон, сана ва басте, ки дар иҷозатнома нишон дода шудааст, ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонро дорад. Иштирок дар минтақа, рӯз ё басти дигар иҷозат дода намешавад.
Ба макони имтиҳон довталабон бояд сари вақт бо шиноснома (ё корти ID) ва «Иҷозатномаи довталаб» ҳозир шаванд. Шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намекунанд ё дер меоянд, ба имтиҳон роҳ дода намешаванд.
Аз ҳамаи довталабон хоҳиш карда мешавад, ки пешакӣ «Иҷозатномаи довталаб»-и худро зеркашӣ ва чоп намоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: