Парвозҳои мунтазам ба Сӯх оғоз мешаванд

Дар ноҳияи Сӯх барои беҳтар намудани соҳаи нақлиёт ва логистика шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар доираи ин тадбирҳо парвозҳои мунтазам бо ҳавопаймоҳои Cessna-208 Caravan ва L-410 ба роҳ монда мешаванд.

Барои амалӣ намудани лоиҳа 13 гектар замини иловагӣ ҷудо гардида, хатти парвозу фурудгоҳ васеъ карда мешавад. Ҳамчунин, бо назардошти талаботи зиёд, хатсайрҳои нави ҳавоӣ ташкил хоҳанд шуд.
Илова бар ин, аз ноҳияи Сӯх ба дигар шаҳру ноҳияҳо хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, шумораи нуқтаҳои бақайдгирӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ ду баробар зиёд мегардад. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон зудтар ва бароҳаттар рафтуомад кунанд.
Ин тадбирҳо дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх дар солҳои 2026–2028, таъмини шуғли аҳолӣ тавассути истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва рушди босуръати соҳибкорӣ» (№ ҚП-258 аз 8 июли соли 2026) пешбинӣ шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: