Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 июл бо мақсади изҳори ҳамдардӣ дар робита ба даргузашти Амири собиқи Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Ол Сонӣ ба шаҳри Доҳа омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳамад сарвари давлати моро муовини Сарвазир, вазири мудофиаи Қатар Шайх Сауд бин Абдурраҳмон Ол Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи ин сафар баргузории мулоқоти дуҷониба бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ дар назар аст.