Дар Қашқадарё се узви як оила гирифтори девонагӣ шудаанд? Вазорат шарҳ дод

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабари дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншударо дар бораи гӯё гирифтори бемории девонагӣ шудани се узви як оила дар маҳаллаи Варганзаи ноҳияи Китоб рад кард.

Тибқи иттилои вазорат, 10 июл сокини соли таваллудаш 1979-и ноҳияи Китоб бо гумони бемории хатарноки сироятӣ ба беморхона бистарӣ шуд. Муайян гардид, ки ӯ тақрибан як моҳ пеш аз ҷониби бачаи рӯбоҳ газида шудааст. Мутаассифона, бемор 11 июл фавтид.
Барои муайян кардани сабаби дақиқи марг ташхиси тиббии судӣ таъин шудааст. Ҳамзамон, се сокини дигари ин маҳал ҳамчун чораи эҳтиётӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд. Ба гуфтаи вазорат, дар онҳо ягон нишонаи клиникии бемории девонагӣ ошкор нашудааст.
Айни ҳол онҳо таҳти назорати табибон қарор дошта, эмгузаронии пешгирикунанда мегиранд. Вазорат таъкид кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар ноҳияи Китоб пурра зери назорат аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, ки ба овозаҳои тасдиқнашуда бовар накунанд ва маълумоти беасосро паҳн насозанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: