Мушкилоти убуру мурури марзи миёни Ӯзбекистон бо Қирғизистон аз тариқи посгоҳҳои марзии “Водил – Қадамҷо” ва “Риштон – Қайтпас”, ки вилоятҳои Фарғона ва Боткандро бо ҳам васл менамояд, барои мусофирони зиёд ташвишу нигарониҳоро ба бор меовард.
Дар ин бора сокинони ноҳияи Сӯх ва деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдони ноҳияи Фарғона аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо бонги изтироб задаанд ва мақомоти роҳбарии Қирғизистонро водор намудаанд, ки банавбатпоиҳои сунъӣ, тамаъгариҳои марзбонону гумрукчиёни худ хотима бахшад, вагарна ин раванд ба зуҳури норизоиҳои бештар сабаб хоҳанд шуд.
– То ба наздикӣ дар ин робита аз тарафи мақомоти Қирғизистон ягон иқдоми ҷиддӣ ба вуқӯъ напайваст. Аммо боздошти як гурӯҳи калони марзбонону гумрукчиёни қирғиз, ки ошкоро навбатҳои сунъиро ташкил мекарданд ва баъд ба ришваситониву аз роҳи таҳдид ба даст овардани маблағҳои зиёд машғул мешуданд, боис шуд, ки вазъият дар посгоҳҳои марзии мову Қирғизистон ба эътидол ояд, – мегӯяд фаъоли ҷомеа, блогнавис Субҳонҷон Исоев.
Вай меафзояд, ин дар ҳоле сурат мегирифт, ки роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар имзо карданд. Ин маросим дар вилояти Суғди Тоҷикистон 31-уми марти соли сипаришуда баргузор шуда буд. Роҳбарони се кишвар арзишҳои накӯҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва ҳимояи манфиатҳои ҳамдигарро дар меҳвари асосии он қарор доданд. Аммо вазъияти убуру мурури марз миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз тариқи посгоҳҳои “Водил – Қадамҷо” ва “Риштон-Қайтпас” ҳаргиз рӯ ба беҳбудӣ намеовард.
Дар ҳақиқат, ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари таъйини марз ва убуру мурур аз қаламравҳои якдигар мушкилот доштанд ва дар ҷараёни мулоқотҳои зиёди сатҳҳои гуногун ин мавзӯъ дар қолабҳои гуногун мавриди баррасиҳо қарор мегирифт. Ҳатто чунин бетаваҷҷуҳиҳо ва номуайяниҳо дар панҷ соли пеш дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона гашт.
Пӯшида нест, ки “Овози тоҷик” дар бораи ин мавзӯъ чанд бор гузоришҳо интишор намудааст.
Нигорандаи ин сатрҳо низ вақти сафар ба ноҳияи Сӯх борҳо шоҳиди навбатпоиҳои бисёрсоата дар ҳавои сард ё гармои тобистон, ришваситониҳо аз ронандагони сӯхӣ ва муомилаи сарди марзбонону гумрукчиёни кишвари ҳамсоя шудааст ва ба нишони эътироз онҳоро аз ғайриқонунӣ будани амалҳояшон огоҳ намудааст. Аммо “буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу” – ин шикояту эътирозҳо ба аксари марзбонону гумрукчиён кора намекард ва дар амали зишти худ худро хеле озод ҳис мекарданд.
“Давидани гӯсола то каҳдон” гуфтаанд. Оқибат коре шудааст, ки боиси хушҳолиҳои мусофирон гардидааст. Яъне дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои боздошти марзбонону гумрукчиёни қирғиз дар нуқтаҳои гузаргоҳи марзи Қирғизистон ва Ӯзбекистон сабт шудаанд. Дар ин амалиёт 27 нафар бо гумони фасоду ришваситонӣ боздошт шудаанд. Дар аввали навор омадааст, ки марзбонон аз ронандагон ва мусофирони дигар озодона ғайриқонунӣ пул меситонанд – ин ҷараён дар камераҳои назоратӣ хеле хуб сабт шудаанд.
Тавре ки сомонаҳои қирғизӣ, мисли “basty.kz”, “Ктрк.кг” ва амсоли он менависанд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон амалиёти зиддифасодро дар нуқтаҳои гузаргоҳии “Қадамҷой” ва “Чечме” дар минтақаи Бодкант гузарониданд ва пас аз боздоштҳо 27 хизматчиро барои бозпурсӣ бурдаанд. Ҳангоми боздошт тирпарронӣ рух додааст.
Дар гузаргоҳи «Қадамҷой – Автодорожний» прапоршик Ш. Р., ки дар посгоҳ кор мекард, чор тир ва сержант Р. як тири огоҳкунанда ба ҳаво паронд. Сабаби тирпарронӣ ҳоло тафтиш мешавад. Тибқи иттилои манбаъҳо, дар гузаргоҳи «Чечме – Автодорожний» прапоршик С.Н. ва ефрейтор Р.Б. ҳангоми гирифтани ғайриқонунии пул дар камера сабт ёфтаанд. Ҳангоми кофтуков, аз қуттии дастпӯшаки мошини марзбонон 38 500 соми қирғизӣ, 5 миллиону 484 000 сӯми ӯзбекӣ ва чанд сӯм ва доллари дигар мусодира карда шудааст. Ду адад туфангчаи автоматии АК74, ду магазин ва 60 тир низ аз пеши марзбонони ин посгоҳҳо мусодира гардидааст.
Дарвоқеъ, дар ҷараёни амалиёти махсус ҳарду нуқтаи назоратӣ муваққатан баста шудаанд ва ҳаракати нақлиёт тавассути шоҳроҳи “Қадамҷой” баъд дубора барқарор карда шудааст.
Интизор меравад, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз натиҷаи тафтиши боздоштшудагони ин ҳодиса вокуниши расмӣ эълом хоҳад дошт. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ, малахак, охир ба дастӣ, малахак!”
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.