Дар асоси қарори Президент аз 6-уми феврали соли 2024 «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти минтақаи сайёҳию истироҳатии «Оҳалик – Оқбӯрё –Миронқул» барои намояндагони расонаҳои ахбор ба ноҳияи Самарқанд пресс-тур ташкил шуд.
Тадбир аз зиёрати маҷмӯаи таърихии Хоҷа Аҳрори Валӣ оғоз ёфт. Ҷонишини имом-хатиби масҷиди ҷомеъ ҳоҷӣ Умархон Воҳидов ба ҳозирон оид ба зиёратгоҳ маълумот дод. Иштирокчиён мадрасаи Нодир Девонбегиро низ зиёрат намуданд.
Дар минтақаи хушҳавои Миронқул қариб дар 50 гектар заминҳои кӯҳсор корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар рушду нумӯъ аст.
– Дар ин ҷо ҷиҳати шароит фароҳам овардан барои истироҳату фароғати сайёҳон ва табобат аз бемориҳои роҳи нафас қариб 10 миллион доллар маблағ харҷ гардид, – иттилоъ дод директори минтақаи истироҳату барқарорсозии саломатии «Оҳалик – Оқбурё –Миронқул» Фаридун Ҳотамов, – 50 иншооти истироҳату табобатӣ ва ду меҳмонхона қад афрохт. Минтақа дар як сол ба 420 ҳазор нафар сайёҳон хизмати шоиста мерасонад. Аз ҳама муҳимаш 800 нафар бо меҳнати фоиданок машғул мешаванд.
Бо кумаку дастгирии мардуми Миронқул дар гирду атрофи маҷмӯаи истироҳатии «Edelweiss» беш аз 70 ҳазор бех ниҳолҳои манзаравӣ ва сояафкан, хосатан арча сабзонида, ин иқдоми нек идома хоҳад ёфт. Барои хушк ва нобуд нашудани дарахтони манзаравӣ чакраобёрӣ ҷорӣ гардид.
Сипас дар деҳаи Оқбӯрё бо ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов анҷумани матбуотӣ ба вуқӯъ пайваст.
– Ноҳияи мо камарбанди сабзу тиллоии Самарқанд буд ва хоҳад монд – иброз дошт Сироҷиддин Хайруллоевич, – имрӯзҳо ноҳия ғайр аз нигоҳ доштани мавқеи худ дар соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, ба рушди туризм диққату эътибор медиҳад. Бо мақсади рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар се маҳалла – Оҳалик, Оқбӯрё ва Миронқул 185 лоиҳаи нав амалӣ хоҳад шуд. Аллакай аз буҷети ҷумҳурӣ барои рушди лоиҳаи сайёҳӣ 34 миллиард сум ҷудо шудааст. Ин маблағ барои таъмиру равон гардидани роҳ, таъминот бо оби ошомиданӣ, неруи барқ ва инфрасохтори муҳандисӣ истифода мешавад.
То охири сол дар ноҳияи Самарқанд ба истифода супурдани 9 меҳмонхона, 36 хостел ва 96 меҳмонхонаҳои оилавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа мо метавонем дар як вақт қариб 25 ҳазор нафар сайёҳонро қабул намоем. Агар тамоми иншоотҳои истироҳату табобатӣ ба истифода супурда шавад, 2 ҳазор нафар шахс бо меҳнати фоиданок машғул ва даромади иловагӣ ба 67 миллион сӯм мерасад.
Бояд гуфт, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси сарвари давлатамон Самарқанд ба маркази сайёҳӣ табдил ёфта, дар ин самт лоиҳаҳои самарабахш ба ҳаёт татбиқ мегардад, – гуфт ҳоким.
Боиси хушнудист, ки дар шаш моҳи соли равон ба шаҳри Самарқанд қариб 3 миллион нафар меҳмонону зиёратчиён омадаанд, ки ин нишондод, нисбат ба соли гузашта қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.