“Ба об туф макун, убол аст”

Об яке аз неъматҳои бузургтарини табиат аст. Бе он на инсон зиндагӣ карда метавонад, на табиат сабзу хуррам мегардад. Аз ҳамин сабаб, гузаштагони мо ҳамеша обро муқаддас донистаанд ва ба он бо эҳтироми махсус муносибат кардаанд. Ҳикмати халқӣ «Ба об туф макун, вубол аст», на танҳо як насиҳат, балки як дарси бузурги зиндагӣ мебошад.

Мардум дар тӯли асрҳо аз таҷрибаи зиндагии худ ба хулоса омадаанд, ки об бояд ҳифз ва эҳтиром карда шавад. Беҳуда мақолҳои зиёди халқӣ, аз ҷумлаи «Қадри обро ташна медонад», «Об – манбаи ҳаёт», «Як қатра об – ҳазор неъмат», «Обро ифлос макун – зиндагиро ифлос мекунӣ» ба миён наомадаанд. Ин ҳикматҳо моро ба он даъват мекунанд, ки обро сарфа намоем ва ба исрофи он роҳ надиҳем.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони боимон ва асил аст, зеро об на танҳо манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. Мо аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем, зеро Худованди меҳрубон ин неъмати бузургашро бароямон ройгон бахшидааст. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагии ӯ қарор дорад. Об аст, ки инсон дар дами марг қатрае аз он  . Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Об аст, ки имрӯз бозору дӯконҳоямон пур-пури мававу сабзавот, ширу ҷурғот ва ғайра. Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша дидаю дониста обро ифлос мегардонанд. Дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин аз як ҷониб ношукрӣ ва куфрони неъмати Худованд аст ва аз ҷониби дигар ба касодиҳо оварда мерасонад.

Ҳолате бисёр ташвишовар аст, ки ба масъалаи сарфаи об дар бисёр давлатҳо кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва ё умуман диққат намедиҳанд.

Дар қитъаи Африқо маърифати экологӣ аксаран риоя карда намешавад ва ин ҳолат сабаби он шудааст, ки аксари бемориҳои сирояткунанда бо сабаби истеъмоли обҳои аз назари санитарию гигиенӣ паст хурӯҷ мекунанд.

Дар китоби муқаддаси «Авесто» об дар қатори чор унсури ҳаётан муҳими табиат номбар шудааст. Мувофиқи ривояту устураҳои аксари халқҳои қадим (юнониҳо, мисриҳо, ҳиндуҳо ва ғайра) об пеш аз замину осмон вуҷуд доштааст. Арасту ин чор унсури олам (об, оташ, хок, ҳаво)-ро ашёи воҳиде номидааст, ки гарм, хушк, тар ва сард буда, зуҳури онҳо метавонад ба ҳамдигар мубаддал шавад ва ё худ хосияти худро байни ҳамдигар иваз намоянд.

Дар таълимоти ислом низ ба об эҳтироми зиёд гузошта шудааст. Паёмбари  ислом мардумро ба сарфакорӣ ва пок нигоҳ доштани об даъват кардаанд. Дар ҳадис омадааст: «Обро исроф макун, ҳатто агар дар соҳили дарё бошӣ».

Ин таълимот нишон медиҳад, ки сарфаи об на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки вазифаи ахлоқӣ ва маънавии ҳар як инсон мебошад.

– Барои деҳқон об аз ҳама муҳим аст. Вақте борони баҳорӣ меборад, чеҳраи деҳқон аз шодӣ мешукуфад. Зеро медонад, ки қатраҳои борон ба замин ҳаёт мебахшанд. Вақте борони баҳорӣ меборад, мо ором мешавем. Медонем, ки гандуму боғҳо қувват мегиранд ва ҳосил фаровон мешавад.

Ӯзбекистон кишвари дорои иқлими нисбатан хушк мебошад. Аз ҳамин сабаб, ҳар як манбаи об барои кишвар аҳамияти бузург дорад. Манбаъҳои асосии об дар кишвар дарёҳои бузург, аз ҷумлаи дарёи Ому, Сир, Зарафшон ва Чирчиқ мебошанд. Ин дарёҳо барои обёрии миллионҳо гектар заминҳои кишоварзӣ хидмат мекунанд ва барои зиндагии мардум нақши ҳалкунанда доранд. Имрӯз масъалаи сарфаи об ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки истифодаи оқилонаи об метавонад на танҳо табиатро ҳифз кунад, балки рушди кишоварзиро низ таъмин намояд. Дар бисёр хоҷагиҳои кишоварзӣ имрӯз усули обёрии қатраӣ истифода мешавад. Ин усул имкон медиҳад, ки об камтар сарф шавад ва ҳосилнокии зироат зиёд гардад.

Падарам деҳқон мебошад. Аз хурдӣ медонам, ки ба майдонҳои ангур, замини рӯйи ҳавлӣ, ки дар он себу нок, анору шафтолу, картошка ва дигар зироати ба рӯзгор зарурро парвариш мекард, об мемонд. Солҳое, ки боришот кам мешуд, аҳли деҳ бо навбат заминҳои худро об медоданд. Ба фикрам, он рӯзгор мардум обро чун неъмати бебаҳои табиат ҳифз мекарданд. 

Ҳар як инсон метавонад дар ҳифзи об – беҳуда сарф накардани он, ифлос накардани манбаъҳои об, дар хона ва хоҷагӣ беҳуда сарф накардани он  саҳм гузорад.

Бе об зиндагии инсон тасаввурнопазир мебошад. Ибораи “Ба об туф макун, вубол аст” моро ба эҳтиром ба табиат, сарфаи неъмат ва ҳифзи манбаъҳои ҳаёт даъват мекунад. Агар ҳар яки мо қадри обро донем ва онро ҳифз кунем, ояндаи ҷомеа низ ободу пурбаракат хоҳад буд.

Фоҷиаи Арал ба мо боз як ҳақиқатро ёдрас мекунад: ҳар қатраи об арзиш дорад. Агар мо имрӯз обро сарфа ва ҳифз кунем, метавонем такрор шудани чунин фоҷиаҳоро дар оянда пешгирӣ намоем.

 

Дилдора Азизова, омӯзгор.

Ноҳияи Паркенти

вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: