Охирин сайди сайёди пир

Чашмони дурбинро ба ҷониби авул тоб дод. Аҳли он аз хоб бархоста аз пайи саранҷоми рӯзгор ҷунбуҷӯл доштанд. Яке гов медӯшид, дигаре баррачаҳои ногирои аз модар ҷудошударо ба ҷониби ёлаҳои пеш меронд, дигаре дар сари сесанг чойҷӯшро гузошта, гулхан дармедод.

Нафари дигаре дар назди кашари гӯсфандон бо ким-чӣ коре худро андармон месохт. Дафъатан дурбинро ба гарданаш овезон кард, аз ҷой бархост, ба пеш қадам ниҳод. Кунун ба гарданаи кӯҳ расид. Ин гардана ба ҷониби офтоббаро хам хӯрда, гӯё роҳпаймоияшро то дараҷае осон мегардонид. Мӯйсафед ба ҷониби деворкӯҳ тоб хӯрд. Агар рост равад, ба галаи гургон рӯбарӯ шуданаш дур нест. Дар соярӯ оҳиста-оҳиста мерафт. Дар пешрӯяш парчи деворкӯҳ менамуд. Дар ҷояш истод шуд. Чӣ гуна болои парч баромаданро дар тафаккури худ гирдгардон кард. Аз поён хазидаву хамида, ба як парраи он боло шуда, ба ҷониби пайкараи одамсимо дида дӯхт. Галаи гургон фориғболона дар сояи санге мехобиданд. Ӯ чӣ сон паноҳ ёбад, ки гургон камин гирифтанашро набинанд. Дар пушти пайкари одамсимо, он ҷое, ки гургон мехобиданд, чанд харсанги азиме сарбасар афтода, девори хурдеро ба ёд меовард, нигоҳ кард. Ӯ метавонист ноаён ба он сӯ хазида рафта, пайкари худро дар мағоки он паноҳида, гургонро зери ҳадаф қарор диҳад. Вақт барқсон мегузашт, ба андеша кардан ҳоҷате набуд. Мӯйсафед туфангро сари китф гирифт, дурбинро ба гардан кашол дод, қоматашро камонвор хамида, рӯ ба ҷониби ин харсангҳо тохт. Ногаҳон як пояш ба санги роҳ бархӯрда, каҷпаҳлӯ афтод. Дарди ҷонкоҳ азияташ медод, вале ноилоҷ ба по хест. Шиддати дард меафзуд. Дандон ба дандон монда, пояшро пешу қафо ҳаракат дод.

Худо раҳмашро хӯрд. Агар дар пояш мӯза намедошт, ҳолаш аз ин бадтар мешуд. Лангон-лангон чанд қадам пеш рафт, вале дард шиддат гирифт. Ноилоҷ дар ҷояш таваққуф кард. Зуд мӯзаро аз пой кашида, пойтобаро раҳо кард. Банду буғумаш ва панҷаи пояшро молиш дод.

– Шояд гӯшти пояш ҳангоми ба санг бархӯрдан дарида бошад, – худро дилдорӣ медод ӯ.

Пойтобаро зуд ба пояш печонида, мӯзаро ба по кашид. Зирқ-зирқ дард мекард пояш. Лангон-лангон ба пеш гом ниҳод. Бо азоби алиме дар паноҳгоҳи харсангҳо расид. Тӯфанг, бастаи хӯроку обро дар канор монд. Дурбинро ба чашмонаш гузошт. Гургон масти хоб буданд. Онҳоро шуморид: шаш сар. – Шояд боз чанд сари он дар сояе хобида бошанд, – меандешид ӯ. Сарварашон гурги осмонранг нопайдо буд.

– Ба куҷое ғайб зада, ё мурда бошад, – биандешид мӯйсафед. Ӯ ин гурги бадҳайбату чолокро ба хубӣ мешиносад. Се сол қабл аз ин як шаби ялдои зимистон ба рамаи онҳо шабохун зада, гӯсфандони зиёдеро шикам даронда, чанди дигарро хомталош карданд. Аҳли авул то ба ҳанӯз хисороти он гурги осмониранг ва ҳамҷинсонашро аз ёд набурдаанд. Ин гурги осмониранг сол – дувоздаҳ моҳ тӯдаи хешро ба дунболаш гирифта, ба сайд мебарояд, дар пешрӯяшон чӣ пеш ояд – галаи моли реза, гов, асп, шутур дафъатан ба онҳо дарафтода, тӯъмаи хешро ситонида, нафсашонро ором мебахшанд.

– Ҳа, чӣ илоҷ, онҳо низ офаридаҳои Худоянд. Бо ин найрангу усул ризқи худро ба даст меоранд, – мӯйсафед худ аз худ дар ин бора муҳокима меронду  тӯфангро ба даст гирифта, ба майли хотир поксозӣ кард, ба тирдон тирҳоро ҷобаҷо намуд. Боз дурбинро ба чашмонаш андохта, гирду атрофи пайкараи санги одамсиморо аз назар гузаронид. Гургон ҳанӯз масти хоб буданд. Офтоб чанд қади сафедор боло шуда, гирду атрофро нур рехта, рӯ ба ҷониби мағриб ҷавлон мезад. Соярӯи кӯҳи Сафед ҳанӯз побарҷо буд. Галаи гургон масти хоб буданд. Камингоҳи ӯ то ҷойи хоби гургон дур набуд. Тафси Офтоб дам ба дам меафзуд ва сояҳо ноаён ҷойи худро ба нури сафобахши хуршеди Ховарон иваз мекард. Чун сояҳо рӯ ба ҷониби қуллаи кӯҳи Сафед мекӯчиданд, ба ҷисму ҷони гургҳо гармӣ расида, фавҷи магасҳои шилқин ба сари онҳо нишаста, ба хоби ширини онҳо халал медод. Ин дарандагонро дигар чорае набуд, ки дар ин манзил бардавом бихуспанд, ноилоҷ аз халали фавҷи магасҳо аз ҷой бархоста, ҷӯёи сояи салқин шуданд. Яке пешрӯ, дигаре ба ақиб бо ҳайрат ба атроф назар афканда, ба дунболи ҳам пайваста, ба ҷониби соярӯ бо майли хотир қадам мегузоштанд. Даҳмардаи пир ин ҳолро дида осема шуд ва мили тӯфангро ба ҷониби гурги пешрӯ меомада рост кард. Аз қафои он гурги сиёҳранге ҷавлонзанон пайваст. Тоқати мӯйсафед тоқ шуд, дигар ҳоҷати интизор набуд. Гург чун аспи бағиревомада, ду пойи худро ба фазо чароғпоя карда, ба замин афтод. Галаи гургон аз ин таркиши ногаҳонӣ ба тарсу бим афтода, ба ҳар ҷониб девонавор медавиданд. Ҷисму ҷони мӯйсафед аз ҳиссу ҳаяҷон чун барги бед меларзид. Андаке нафас рост кард, боз ба ҷониби гургони дигар нигарист. Ногаҳон аз ҷониби пайкари одамсимо гурги бадҳайбате дартоз ба сари ҳамҷинси хеш – гурги сиёҳранг омада бо тамоми овозаш нӯла кашид. Гурги дигаре гӯё ба ҳамсафи хеш ҳамовозӣ мекарда бошад, бо тамоми овозаш нӯла кашид. Даҳмардаи пир ин дамро ғанимат пиндошта ба ҷониби ин гург боз тир андохт. Гурги осмонранг ҷо ба ҷо ба замин афтод ва гургони дигар рӯ ба гурез ниҳоданд. Овози тир ба атрофи кӯҳи Сафед ғулғула афканда, акси садо камару кӯҳро ба ларза овард. Ҳамроҳбой андешид, ки фурсати ғанимат расид. Ба сари гургони ба ҳалокатрасида омад. Вуҷудашро тарсу ҳаяҷон ба ларза оварда буд. Аз даҳону биннии гурги осмониранг хун мерехт. Он зарфи обгирро, ки барои эҳтиёт ҳамроҳи хеш нигаҳ медошт, аз хуни равони гург пур кард ва даҳон баст. Сараш ва чаҳор пояшро бурида, дар лингча ҷой кард. Ҳамроҳбой ҳадаҳа анҷомҳоро ба дӯш гирифта, рӯ ба ҷониби зови баланд лангон-лангон қадам ниҳод. Бо азияти зиёд ба сари зов расид. Дар ин мавзеъ авул чун кафи даст намоён буд. Ҳамон сон дасту пояш меларзид. Тапиши дилаш меафзуд. Гӯё ин аз пешомади нохушие дарак медод. Ба сари санге нишаст, ба тирдон тир ҷо карда ба ҷониби авул паёпай ду тир андохт. Овози тирҳо ба атрофу акноф ғулғула барангехт. Музтару пакар, сар ба тафаккур монд. – Ба манзил зудтар бояд расид, – фикр мекард ӯ. Бо чунин андешаҳо аз ҷой бархост, рӯ ба пайраҳа ниҳод. Роҳе, ки пеш мерафт ӯро ба сӯйи авул мебурд. Эҳтиёткорона гом мениҳод ӯ. Рези кӯҳӣ ба сӯйи роҳ ламида, гашти ӯро мушкил месохт. Бо азобе ба хамгашти хавфнок расид. Дар ин ҷо рези кӯҳ бештар ғун гашта, аз боло сангҳо дона-дона ва гоҳе села-села ба поён сарнишеб мешуд. Дарди пояш ҳанӯз ҳам ӯро ранҷ медод. Чун ба пешрӯ қадам мемонд, дард бештар мешуд, вале дигар илоҷе набуд, то шомгоҳон ба авул бояд расид. Ҳанӯзам хаёлҳои сардарпеч гирди сараш тор метанид. Чӣ сон болои рези резон пой гузошт, надониста монд. Ногаҳон рези кӯҳӣ чун селоб ламида, башаст ба поён рехт. Ба умеди аз дами резиши рез раҳоидан пайкарашро ба канори рост афканд, вале ду пояш аз пайраҳа раҳо хӯрда сарнишеб ба поён ғелид. Пайкари ӯ ғелиду ғелид, ба бехи сиххори азиме дармонду таваққуф кард. Гоҳе ҳуш ба сараш мезад, гоҳе бехуду беёд буд ӯ. Замоне ба худ омад, ки ба гӯшаш нӯлаи гургон мерасид. Чашм боз кард, ба атроф дида дӯхт, дар бехи сиххоре хобидаву дар поён нӯлаи гургон ва фарёди онҳо мерасид. Дарди ҷонкоҳе зӯромад, дубора ҳуши ӯро бирабуд.

 Овози тирҳое, ки аз ҷониби мӯйсафед андохта шуда буд, аҳли авул ва ҳамсарашро низ як қад парронд. Ҳамсари Ҳамроҳбой, ки ин лаҳзаҳо бо кору бори рӯзгор андармон буд, овози даҳшатборро шунида, ҳамоно таъкидҳои вай ба ёдаш расид, болидаруҳ гашт ӯ: «Хайрият шикораш бобарор анҷомидааст,» гӯён писараш ва ду тан ҳамсояашро ба кӯмаки ҳамсараш фиристод.

Он се тан аспсавор рӯ ба ҷониби пайкари санги одамсимо асп давониданд. Пеш аз намози шом колбади мӯйсафедро ба аспе бор карда ба авул оварданд. Оҳу шеванҳои ҷонгудози аҳли хонадони сайёди пир ва дӯсти айёми бачагиаш – Солеҳбой ба дараву кӯҳҳо акси садо дода, дилҳоро хун мекард. Навзоде, ки чанд рӯз қабл аз ин дар дами марг хобида ҷон мекоҳонид, пас аз қабули ин расму русумҳои фармуда, ба ҷонаш ҷони тозае зам гашт, вале бобои бечорааш – сайёди пир, дар роҳи наҷоти ӯ ҷон бохт... Рӯзи дигар аҳли авули чашмаи Кабӯтарон бо оҳу фиғонҳои зиёд мӯйсафедро дар қабристони Гавургон ба хок супориданд...

 

Нуралӣ РАҶАБ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: