Имрӯз дар саросари Ӯзбекистон ҳавои бисёр гарм ҳукмфармо мешавад

Бино ба иттилои Агентии гидрометеорологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 16 июл дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳавои гарм ва хушк ҳукмфармо буда, боришот пешбинӣ намешавад.

Дар шаҳри Тошканд ҳаво каме абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3–8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 26–28 дараҷа ва рӯзона 40–42 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Қароқалпоқистон, Хоразм, Бухоро ва Навоӣ ҳаво бебориш буда, рӯзона ҳарорат ба 40–46 дараҷа мерасад. Дар ин минтақаҳо суръати шамол дар баъзе ҷойҳо то 13–18 метр дар як сония афзоиш ёфта, чангу ғубор ба амал омаданаш мумкин аст.
Дар вилоятҳои Тошканд, Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Қашқадарё ва Сурхондарё низ ҳавои камабр ва бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорати рӯзона 38–46 дараҷа хоҳад буд. Дар баъзе ноҳияҳо шамоли сахт бо чангу ғубор эҳтимол дорад.
Дар водии Фарғона (Андиҷон, Намангон ва Фарғона) ҳаво каме абрӣ ва бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона ба 38–43 дараҷа мерасад.
Дар минтақаҳои кӯҳистон ҳаво каме абрӣ буда, боришот дар назар нест. Ҳарорат шабона 15–20 дараҷа ва рӯзона 30–35 дараҷа гарм мешавад.
Огоҳии ҳавошиносон: Аз 15 то 17 июл воридшавии ҷараёни ҳавои бисёр гарм аз ҷануб идома меёбад. Дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво ба 41–43 дараҷа, дар ноҳияҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва биёбонӣ бошад, то 44–46 дараҷа мерасад. Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар соатҳои аз ҳама гарм аз будубоши тӯлонӣ дар зери офтоби сӯзон худдорӣ намоянд ва бештар об истеъмол кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: