Оё ҳолатҳои COVID-19 дар Чин боз рӯ ба афзоиш доранд?

Тибқи иттилои рӯзномаи China Daily, бо истинод ба Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин, дар моҳи июни соли ҷорӣ дар кишвар 79 ҳазор ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин шумора 130 нафар бо ҳолати вазнин бистарӣ гардида, як ҳолати фавт низ сабт шудааст.
Бино ба маълумоти марказ, ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи май, ки 21 ҳазору 861 ҳолат, ва моҳи апрел, ки 23 ҳазору 477 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд, хеле зиёд аст. Ин аз афзоиши шумораи гирифторон дар кишвар дарак медиҳад.
Ҳамзамон, мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҳамаи ҳолатҳои нави сироят ба варианти Омикрон марбут буда, то ҳол нишонае аз пайдоиши штаммҳои нави вирус ошкор нашудааст.

С. Раҳимов, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: