Дастаи мунтахаби бокси ҷавонони то 23-солаи Ӯзбекистон миёни духтарон қаҳрамони Осиё гардид

Дар шаҳри Ҷакарта мусобиқаҳои қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни духтарони то 23-сола ба анҷом расид.

 Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа, дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо ба даст овардани 6 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ҷойи аввалро дар ҳисоби умумии даставӣ соҳиб шуд.

Инҳо қаҳрамонҳои Осиё шуданд:

то 51 кг — Гулсевар Ғаниева;

то 57 кг — Ҳуморабону Мамажонова;

то 60 кг — Муштарийбону Иброҳимҷонова;

то 65 кг — Севинч Хуррамова;

то 80 кг — Рухшона Парпиева;

зиёда аз 80 кг — Собирахон Шаҳобиддинова.

Медали нуқраро Райҳона Қурбонбоева (то 70 кг) ба даст овард.

Медалҳои биринҷиро Узукҷамол Юнусова (то 54 кг) ва Ойша Тоирова (то 75 кг) соҳиб шуданд.

Имрӯз дар доираи қаҳрамонии Осиё рақобатҳои финалии писарон дар ҳар ду гурӯҳи синнусолӣ баргузор мешаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: