Эрон дар саросари ҷаҳон "Рӯйхати интиқом"-ро тартиб додааст

Дар Олмон пас аз нашри хабарҳо дар бораи таҳдидҳои эҳтимолӣ нигаронӣ афзоиш ёфтааст. Таҳлилгар Александр Фридман дар суҳбат бо hakkin.az ин масъаларо шарҳ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираҳои сиёсии Олмон нигаронанд, ки хадамоти махсуси Эрон метавонанд алайҳи бархе аз сиёсатмадорони аврупоӣ, аз ҷумла садри аъзами Олмон Фридрих Мерз, ҳамлаҳои ҳадафмандро тарҳрезӣ кунанд. Ин нигаронӣ пас аз он бештар шуд, ки рӯзномаи эронии «Ҳамшаҳрӣ» матлаберо бо даъват ба интиқом аз сиёсатмадорони ғарбӣ нашр кард.
Дар сомонаи ин нашрия, ки онро наздик ба роҳбарияти Эрон медонанд, тасвире бо номи «Сиёсатмадороне, ки мунтазири интиқоми мардуми Эрон ҳастанд» нашр шудааст. Дар он аз 13 сиёсатмадори ғарбӣ ном бурда мешавад, аз ҷумла президенти ИМА Доналд Трамп, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, садри аъзами Олмон Фридрих Мерз, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, сарвазири Италия Ҷорҷа Мелони, сарвазири Британия Кир Стармер ва чанд нафари дигар.
Ҳамзамон, роҳбарияти Эрон изҳор доштааст, ки барои кушта шудани Алӣ Хоманаӣ интиқом хоҳад гирифт. Дар баёнияе, ки аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш шудааст ва ба Муҷтабо Хоманаӣ — писар ва вориси эҳтимолии ӯ — нисбат дода мешавад, омадааст: «Интиқом талаби мардуми мост ва он ҳатман амалӣ хоҳад шуд.»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: