Тирамоҳи соли 1969. Мо – донишҷӯёни факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Устод Садриддин Айниро, ки ҳанӯз чандон дарс нахондаву бо ҳамсабақон шинос нашудаем, барои ғунучини пахта, ба ноҳияи Пайариқ сафарбар карданд.
Дар мусобиқаи байни чинакчиён пайваста Толиб Юнусов ғолиби мутлақ буд. Ҷараёни пахтачинии вай ҳамаро ба ҳайрат меовард. Ин фазилат ӯро дар байни ҳамсабақҳо шуҳратманд намуд. Азбаски аз дигарон калонсолтар буд, худи ҳамон сол хонадор ҳам шуд.
Минбаъд низ ӯ дар дарсҳо, семинару ҷамъомад ва корҳои ҷамоатии факулта фаъол иштирок карда, соҳиби обрӯю эътибори хос гардид. Масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, кунҷковӣ, илмдӯстӣ барин фазилатҳояш диққати ҳамдарсону устодонро ҷалб мекарданд. Азбаски Самарқандро хуб медонисту хеле дӯст ҳам медошт, бобати ҳалли баъзе мушкилоти рафиқон кумак мерасонд.
Ӯ 15 июли соли 1951 дар деҳаи Оқмасҷид (Дарвозаи Ревдод) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш – Субҳон Юнусзода сарвожатийи мактаб, модараш Тӯхта Турсунова корманди соҳаи савдо (Корманди шоистаи савдои Ӯзбекистон) буданд. Ӯ соли 1968 мактаби миёнаи рақами 21-уми шаҳрро хатм карда, соле шунавандаи курси ронандагӣ буд. Ният дошт, ки ҳуқуқшинос шавад. Бо ин мақсад ба Тоҷикистон рафт. Дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ӯ гуфтанд, ки барои таҳсил дар шуъбаи ҳуқуқшиносӣ собиқаи корӣ лозим аст.
Толиби толиби илм ноилоҷ ба зодгоҳ баргашт ва бо маслиҳати модараш ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ҳуҷҷат супориду аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашта, донишҷӯй гардид. Баъди хатми донишкада фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд – воқеъ дар зодгоҳаш оғоз намуд. Дар мактаб зуд соҳибобрӯ гардид. Аз ин рӯ ӯро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ таъин карданд. Бояд зикр кард, ки Толиб баъди ба нафақа баромадан низ панҷ сол ин вазифаро дар ӯҳда дошт. Имрӯз дар Самарқанд соҳае нест, ки дар он шогирдонаш кор накунанд.
Шогирди собиқ ва ҳамкори баъдинаи вай – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби мазкур Ҳилола Норбоева дар бораи устодаш аз ҷумла мегӯяд:
– Муаллим Юнусзода устоди сахтгир ва фидоӣ буданд. Ҳар боре, ки дар синфи 9 мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти Устод Рӯдакӣ»-ро ба охир мерасонданд, хонандагони синфро бо автобус ба зиёрати мақбараи Рӯдакӣ ба деҳаи Панҷруди ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон мебурданд. Чунин сафарҳои тадрисиро ба осорхонаи Айнӣ ва дигар адибони самарқандӣ ташкил мекарданд. Саъй менамуданд, ки шогирдон дӯстдори забони модарӣ ва худогоҳу қадршиноси падару модар, ёру диёр бошанд.
– Юнусзода омӯзгори сахтгиру серталаб буданд. Ягон рафтори ноҷӯяи хонанда аз назари он кас пинҳон намемонд. Як нигоҳи маънодори устод шогирдро ба ҳушёрӣ ва рафтори дуруст водор мекард. Вагарна пушаймон мешуд, зеро худи ҳамон рӯз ҳангоми танаффуси калон ба воситаи шабакаи радиошунавонии мактаб рафтораш боиси муҳокима қарор мегирифт, – илова кард шогирди дигари Юнусзода, ҷонишини директори мактаби миёнаи рақами 32-юм Лола Норбоева.
– Он замон дар мактаби мо дар ду баст зиёда аз 1600 нафар талабагон ба забони тоҷикӣ таҳсил мегирифтанд. Ҳар як шогирд кӯшиш мекард, ки рафтору одобаш ба муаллим писанд ояд. Устод ҳар яки моро чун фарзандони худ дӯст медоштанд ва аз ин сабаб боиси иззату ҳурмат буданд, – мегӯяд шогирдаш Дилфуза Ҳайдарова.
Юнусзода мутолиаи асарҳои бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳоро нафақат дӯст медорад, балки худаш низ аз солҳои талабагӣ ба рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳа-қиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик»), «Овози Самарқанд», садою симои Самарқанд, «Гулобод тонги» навиштани хабару мақола, латифаю масал, шеъру ҳикоя (ҳаҷвия)-ро канда намекунад. Хусусан мақолаҳои вай оид ба расму ойин, анъанаҳои қадимии халқамон аз қабили ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва ғайра писанди рӯзномахонон мебошанд. Ин ҷо бояд зикр кард, ки китобҳои Толиб Юнусзода «Оҳанги зиндагӣ», «Толиби зиндагӣ» дастраси мухлисон шудаанд. Намунаҳои эҷодиёташ дар китоби дастҷамъии «Суханварони Зарафшон» (Душанбе - 2022) низ ҳастанд. Ҳоло ӯ болои китоби ояндааш кор мебарад.
Толиб ифтихор мекунад, ки чун хабарнигори ҷамоатии рӯзномаҳои «Овози Самарқанд» ва «Овози тоҷик» фаъолияти густарда дорад ва боз шогирдони зиёдаш ин иқдоми ӯро идома дода, комёб шудаанд.
Мавсуф инсони ташаббускор ва ташкилотчӣ ҳам ҳаст. Бинобар ин фазилатҳои ӯ мо – ҳамкурсон ҳар сол 5 май дар хонадони эшон вохӯрӣ мегузаронем. Соли ҷорӣ навбати 16-умини ин мулоқоту дидор ба амал омад. Туфайли ҳимматбаландӣ, меҳмондӯстӣ ва кушодадилии аҳли оила ҳавлии Юнусзода барои ҳар яки мо – ҳамсабақҳо ба ҳавлии худӣ табдил ёфтааст. Ӯ инчунин баъзан аз ҳисоби худ автобус ташкил карда, меҳмононро ба ҷойҳои ҷолиби диққати «Сайқали рӯйи Замин» – ин шаҳри бостонӣ ба саёҳат мебарад.
Толиб ва ҳамсари эшон Шоира пирони бадавлатанд: фарзандонашон Шоиста, Илҳом, Фирдавс, Наргис, Ситора ва даҳҳо набераю аберагон – неъмати олии Офаридгор, неруву ғайрат ва давлати пояндаи онҳо мебошанд.
Гӯё дирӯзакак мо дар ҷашни 70-солагии Толиб Юнусзодаи азизи худ иштирок доштем, инак, боз панҷ сол сипарӣ шудааст, ҳоло эшонро бо синни 75 муборакбод мегӯем.
«Самарқандиям ориёнажодам...» чунин ҳусни оғоз дорад, яке аз шеърҳои Юнусзода. Бигузор ҳамин ифтихор, ҳамин эҳсосоти олии худогоҳӣ ва садоқат ба анъанаҳои неки ниёгон ҳамеша ҳамроҳатон бод, дӯсти азиз!
Амрулло Авезов,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.