Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ), тақрибан 80 дарсади ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси Эбола дар шарқи Ҷумҳурии Демократии Конго бо занҷирҳои номаълуми интиқол алоқаманданд.
Ин нишон медиҳад, ки сарфи назар аз чораҳои густурдаи пешгирӣ, вирус бо суръате паҳн мешавад, ки назорати онро барои кормандони соҳаи тандурустӣ душвор кардааст.
Аз моҳи май инҷониб, Конго бо хуруҷи як навъи нодири вируси Эбола рӯ ба рӯ аст, ки то ҳол барои он на ваксина ва на табобати тасдиқшуда мавҷуд аст. Ба иттилои Марказҳои Африқо оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо, ин босуръаттарин хуруҷи Эбола дар қитъа ба ҳисоб меравад.
Намояндаи СҶБ дар суҳбат бо Associated Press гуфт: «То имрӯз 80 дарсади ҳолатҳои нави беморӣ берун аз рӯйхати шахсони дар тамосбуда ошкор мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки вирус тавассути занҷирҳои номаълуми интиқол паҳн мегардад.»
С. Раҳимов, ӮзА