Ҳангоми дарди сар аз фишори дохилии баланд
Дарди сарро ҳангоми баланд шудани фишори дохилии сар бо чунин усул бартараф кардан мумкин: ба 20–25 дона барги ғор (лавр) ним литр оби ҷӯш рехта мешавад. Бо буғи ин ҷӯшоба ингалятсия мекунанд. Барои ин ба болои он хам шуда, сарро бо сачоқи калон мепӯшонанд ва 20 дақиқа буғро нафас мекашанд.
Ҳангоми склерози мағзи сар
Ҳангоми склерози мағзи сар, фишори пасти хун (гипотония) ҳар рӯз қаламфури сурх истеъмол кардан даркор аст.
Ҳангоми дарди сар
Ҳазориспандро дуд карда, ба дуди он 21 маротиба сарро доред. Ҳамчунин як даста ҳазориспандро дар як сатил об ҷӯшонида аз дока гузаронед, ба ванна резед ва дар оби гарми он нишинед, ба дарди сар шифо мебахшад.
Барои рафъи сардии сар
Агар бӯйимодаронро дар равғани зайтун ҷӯшонанд, сарро метасфонад ва сардии онро бартараф месозад, меъдаро низ гарм мекунад.
Ҳангоми астмаи бронхиалӣ
Барои астмаи бронхиалӣ 400 грамм решаи занҷабилро гирифта, пӯсташро тоза кунед. Сипас онро аз резакунанда гузаронида, ба зарфи шишагӣ андохта, аз болояш спирт рехта, дар ҷойи гарм ё офтобӣ 14 рӯз нигоҳ медоред. Гоҳ-гоҳ хуб ҷунбонидани зарфро фаромуш накунед. Пас аз зард шудани моеъ, онро ба зарфи дигар андохта, боз каме мегузоред, то боз ҳам беҳтар шавад. Ҳар рӯз 2 маротиба пас аз хӯрок 1 қошуқӣ аз он бо 3 ҷуръа об нӯшидан лозим аст.
Ҳангоми бронхит
5–6 дона сирпиёзро аз резакунанда гузаронида, бо 100 грамм равғани зард, як қисм шибит (укроп)-и майдакардашуда омехта кунед. Субҳ, нисфирӯзӣ ва бегоҳ ба нон молида истеъмол намоед. Ин муолиҷаро ҳангоми пневмония низ истифода баранд, натиҷаи хуб медиҳад.
Ҳангоми бод дар гурда
Шахсе, ки аз боди гурда азият мекашад, намак ё сабӯсро гарм карда бандад, аз беморӣ халос мешавад.
Ҳангоми дарди гурда ва пешобдон
Сӯзанбаргҳои санавбар ҷамъ карда мешавад (ҳар қадар тару тоза бошад, ҳамон қадар беҳтар), шохаҳояш майда реза карда мешаванд ва 3–4 каф дарахти хушкидаи зирк бурида мешавад. Ҳамаашро ба сатил андохта, об рехта, 2 соат меҷӯшонанд. Пас аз ҷӯшондан, болояш пӯшида шуда, 30 дақиқа дам дода мешавад. Онро ба ванна рехта, бемор то гардан ба об медарояд. Ҳарорати он бояд 37 дараҷа бошад. Ванна дар давоми 15–20 дақиқа қабул карда мешавад. Баъд аз ба охир расидани ҷараён, баданро бо сачоқ хушк карда, 1 соат дар бистар хобидан лозим аст. Ин ванна барои дарди гурда ва пешобдон таъсири хуб дошта, пӯстро тоза ва мустаҳкам мекунад. Хусусан, барои кӯдакони заиф ва пиронсолон муфид аст. Ранг ва бӯйи об системаи марказии асабро ором мекунад.
(Давом дорад).
Таҳияи З. Ҳамдамова,
А. Рӯзиматов.