Дар фасли тобистон ҳаво якбора гарм шуда, на танҳо дар табиат, балки дар организми инсон низ тағйирот ба амал меояд. Дар Ӯзбекистон дар ин фасл бинобар иқлими гарм ва хушк, вайроншавии босуръати таом ва афзоиши фаъолияти ҳашарот хатари паҳншавии сироятҳои шадиди рӯда бисёр мешаванд.
Тамоми аъзои бадан, аз ҷумла, пӯст, чашм ва низоми ҳозима ба гармӣ осебпазир мебошанд. Агар чораҳои эҳтиётӣ андешида нашаванд, гармии шадид ва хушкии дуру дароз аксар вақт боиси бемориҳои тобистона мешаванд.
Мо вобаста ба ин мавзӯъ бо сармутахассиси шуъбаи минтақавии идораи тандурустӣ ва рушди стратегии вилояти Намангон Хуршеда Худойбердиева ҳамсуҳбат шудем.
– Гармии шадиди моҳҳои тобистон ба паҳншавии бисёр бемориҳо мусоидат мекунад. Дар чунин шароит патогенҳо метавонанд ба осонӣ афзоиш ёфта, паҳн шаванд. Бемориҳое ба монанди заҳролудшавӣ аз хӯрок, дизентерия, салмонеллез, гастроэнтерити вирусӣ ва гепатити А асосан бо нишонаҳои дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, ҳатто қайкунӣ ва дарди шикам зоҳир мешаванд. Дар ин вақт ҳарорати бадани бемор метавонад аз 38,5 С боло бошад ва дар ӯ нишонаҳои заъф, гум шудани иштиҳо ё норасоии пурраи иштиҳо мушоҳида мешаванд.
Бинобар ин мо маҳсулоти хӯроквориеро, ки дар кӯчаҳо фурӯхта мешаванд ё нодуруст нигоҳ дошта шудаанд, набояд истеъмол кунем. Тавсия мешавад, ки пеш аз истеъмоли онҳо аз оби ошомидании тоза истифода баред, мева ва сабзавотро, албатта бишӯед. Маҳсулоти зудвайроншаванда бояд дар яхдон нигоҳ дошта шаванд. Агар мо ба қоидаҳои зарурӣ, аз ҷумла аз соати 10:00 то 16:00 дар зери офтоб муддати тӯлонӣ намонданро риоя кунем, оби кофӣ бинӯшем ва дастамонро зуд-зуд бо собун бишӯем, худро аз чунин бемориҳо пешгирӣ карда метавонем.
Қоидаҳои умумии саломатӣ барои бемориҳое, ки дар рӯзҳои гарм рух медиҳанд, мавҷуданд. Дар ин ҳолат бояд бидуни интизории ташнагӣ зуд-зуд об нӯшид, аз матоъҳои табиӣ истифода бурд, сабук пӯшид ва сари луч ба кӯча набаромад.
Хӯрокҳои зуд ва осонҳазмшаванда, мева ва сабзавотро бояд бештар истеъмол кард. Субҳ ё шом бо машқҳои ҷисмонӣ ва варзишӣ машғул шуд. Хонаро хунук нигоҳ дошт, тирезаҳоро дар давоми рӯз пӯшид ва вақти шом кушод. Аз кондитсионер ва бодбезҳо мувофиқи қоида истифода кард.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.