Оила – пояи ҷамъият

Тазаккур бояд дод, ки дунёи сиёсат саршори тазодҳост. Танҳо нафаре метавонад аз ин мушкилоти печидаи ҳаёт вораста бошад, ки бо таҳаммул ва сабру андеша, бо ному кори нек ибрати дигарон бошад. Бинобар сиёсати дурандешонаи сарвари давлат ҳоло дар ҷумҳурӣ бисёр бонувони роҳбар рӯйи кор омаданд, ки содиқонаву бо дасту дили пок ба халқу Ватан хидмати шоиста мекунанд.

Мадина Баротова аз чунин бонувон аст. Ин зани ҳалиму кушодачеҳраро дар ноҳияи Самарқанд қариб ҳама мешиносанд, эҳтиром мекунанд. Ӯ ҷонишини ҳокими ноҳия – бо масъалаҳои вобаста ба занону духтарон машғул мебошад.

Ҷиддият нисбати вазифа, ҳунари гӯш карда тавонистан дар табиати Мадина Баротова ҳастанд, аз ин рӯ чун ходими давлатӣ дар сохторҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолияти пурсамар бурдааст.

Барҳақ, табиат Мадинабону Муъминҷоновнаро гӯё маҳз барои он, ки бонуи сарвар ва аҳли сиёсат бошад, офаридааст.

Пас аз он, ки ӯро ҷонишини ҳоким оид ба масъалаҳои кор бо занон ва оила дар ноҳияи Самарқанд таъин карданд, аз ин навид, пеш аз ҳама бонувони ноҳия хушҳол шуданд. Охир ӯ мушкилоту муаммоҳои эшонро медонад ва бешубҳа, ҳаллу фасл хоҳад кард.

Мо борҳо шоҳиди он шудем, ки бонувони бешумор бо чашми гирёну дили бирён наздаш омада, дарди дил мегуфтанд ва ӯ саъй мекард, ки муаммоҳои онҳо ҳалли худро ёбанд. 

Мадинабону Муъминҷоновна ҳанӯз дар мактаби миёна ва сипас ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд пешоҳанг ва сарвари ташкилоти ҷавонон буд. Баъдан дар Шӯрои занону духтарон истеъдоди худро намоиш дода, ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расид.

– Ҳамаи ин самараи меҳнати содиқона, талошҳо барои расидан ба мақсад аст, – мегӯяд бо табассуми ширин Мадинабону. – Воқеан агар кас дар роҳи расидан ба муроди дил бо қатъият,ҷиддӣ кӯшиш намояд, албатта ба орзуяш мерасад.

Нақши бонувон дар ташаккули ҷомеаи муосир, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, солимии муҳити оила хеле назаррас аст. Бинобар ин сиёсати давлатии кор бо занон ва оила дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти ноҳияи мо аз масъалаҳои густурдаву муҳим мебошад.

Ҷиҳати татбиқсозии ин иқдом ба шарофати Фармони Президент «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба комёбиҳои баланд муваффақ шудем.

Айни замон, силсилаи чорабиниҳо, аз қабили «Зан – оинаи рӯзгор», «Кадбонуи беҳтарин», «Оилаи солим – бақои ҳастии миллат», «Дастони гулпарвар» ва ғайра мунтазам амалӣ мешаванд.
Фаъолияти «Маркази ҳаёти солим» низ шоистаи таҳсин мебошад. Ҳоло ташкилоти мазкур беш аз 2 ҳазор аъзо дорад. Дар раванди фаъолияти кори марказ бобати масъалаҳои ақди никоҳ, ситондани алимент, таъмини боадолатонаи манзил, тақсимоти амвол, ҷобаҷокунии кӯдакон ва ғайра кумакҳои ройгони ҳуқуқиву тиббӣ амалӣ шудаанд.

– Оре, паранда бо пару болаш, инсон бо ҳамдиливу ҳамфикрӣ ба муроди дил мерасад, – мегӯяд Мадинабону, – хушбахтона муяссар гардид, ки якҷо бо раисони шӯроҳои занону духтарони маҳаллаҳои Деҳнав, Рустам,Ҷӯи сой, Гулбоғ,  Оқмасҷид, Равонак, Чордара ва ғайра дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои фахрӣ шавем.

Мутаассифона, камбудиҳо низ ҳастанд. Чанде пеш маълумот оид ба талоқ дар ҷумҳурӣ эълон гардид. Дар ин самт Самарқанд баъди Тошканд дар ҷойи дуюм қарор дорад, ки ин албатта, моро нигарон мекунад.

Ҳоло танҳо дар ноҳияамон 127 оилаи ноором ба рӯйихат гирифта шудаанд.

– Сабаб чист?

– Фарҳанги оиладорӣ дар байни ҷавонон ноҷӯр аст, ки паёмадаш шикасти хонаводаҳост. Мо дар вохӯрӣ бо мардум борҳо такрор мекунем, ки нахуст, пеш аз ташкил намудани оилаи нав, бояд арӯсу домод аз ташхиси табибон гузаранд ва муайян намоянд, ки ҳаёти ояндаи онҳо аз ҷиҳати мутобиқати ирсӣ зери хатар аст ё на.

Боз як масъалаи муҳим, барои мустаҳкам нигоҳ доштани оила арӯсу домод бояд бо фарҳанги оиладорӣ ошно бошанд.

Пӯшида нест, ки баъзе арӯсон аз ӯҳдаи иҷрои баъзе шуғлҳои асосии оиладорӣ, аз қабили тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, пухту паз, дарзу дӯз ва ғайра намебароянд. Дар чунин ҳолат хушдоман бояд пуртаҳаммул бошад, шаъну шарафи арӯсро дар байни оила паст назанад, балки баръакс камбудии ӯро бо лаҳни нарму маслиҳатомез ислоҳ кунад.
Аз рӯйи мушоҳида ва таҷриба медонем, ки баъзе шахсон бо тақлид ба дигарон бо қарз маъракаҳои пурдабдаба гузаронида, ба коҳиш ёфтани оилаҳои навбунёд сабаб мешаванд, яъне ба «кӯрпаи худ нигоҳ карда по дароз намекунанд». Зеро сарф кардани пулу маблағ осон, аммо ёфтани он душвор аст.

Хуб мешуд, оилаҳои нав пурсабру батоқат бошанд.

Танҳо меҳру муҳаббати самимӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ метавонад риштаҳои дӯстии ҳар оиларо қавӣ кунад, соҳиби ҳам бахту ҳам тахт намояд.

Ҳаёти инсон собит кардааст, ки бе ёри вафодор на умр лаззат дораду на дар зиндагӣ роҳат ҳаст.

 

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: