Аслан рӯзи таваллуд низ барои инсон чун дигар рӯзҳои сол як рӯзи одиву муқаррарист. Онро ҳузури наздикону пайвандон, шодбошиҳову суханҳои пурмеҳри дӯстон, бародарон, ҳампешагон, устодону шогирдон, ки аз дуру наздик аз тариқи паёмакҳо, зангҳои телефонӣ ирсол мешаванд, аз дигар рӯзҳо имтиёз медиҳад, хушу гуворо ва пурнуру муҷалло мегардонад. Дарк мекунӣ, ки беҳуда зиндагӣ накардаӣ, маъние дар буданат ҳаст, барои дигарон ҳам аҳаммияте дорӣ, каме ҳам бошад, аз ҳастии худ дарак додаӣ.
Марк Твен, нависандаи бузурги амрикоӣ дар боби моҳияти зиндагӣ андешае дорад, ба ин маънӣ: «Дар ҳаёти ту ду рӯзи аз ҳама муҳим ҳаст: яке он, ки ту ба дунё омадӣ, дигар он, ки чаро ба дунё омадани худро дарк кардӣ». Рӯзи дувум, ин ҷо ба назари ман муҳимтар аз рӯзи аввал аст, барои чӣ ба дунё омадану рисолати хешро дар ин умри гузарон дарк карда тавонистан, бешак бояд аҳаммиятноктар бошад. Фикр мекунам, дар 61-умин солгарди зодрӯз барои банда низ фурсате расида, ки сари рӯзи дувуми умр биандешам. Наққоши азал чӣ нақше бар сари ҳар банда навишта, худ медонаду бас. Чӣ миқдор аз умр рафтааст, медонем, аммо чӣ миқдор монда, кас намедонад. Тавре ки ҳунарманди нотакрор Аловуддин Абдуллоҳи зиндаёд шӯхиомез мегуфт: «Ман медонум, ки мемурум, аммо намедонум, ки кай мемурум?»
Аз ин нигоҳ қисмати беҳтарини он аз ҳафтсолагӣ то бистусесолагӣ сарфи таҳсил дар мактабу донишгоҳ, шаш-ҳафт соли баъд кор дар идораҳои рӯзномаҳои тоҷикии Сурхондарё гардид ва бештар аз сӣ соли ахир бо заҳмати таълиму тадрис ва мудирияти мактаб паси сар шуд. Аз оғози соли 1999, ки ҳанӯз сиву чаҳор сол надоштам, то аввали соли 2024 – бештар аз чаҳоряк аср сарвари мактаби бонуфузи тоҷикии шумораи 29-уми ноҳияи Сариосиё будам, аз моҳи марти соли 2024 ба муддати бештар аз ду сол раҳбарии мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагонии шумораи 83-юми ҳамин ноҳияро ба зимма доштам, яъне дар маҷмӯъ бештар аз 27 соли умрам сарфи вазифаи хеле пурмасъулият ва серташвиши директорӣ гардид. Хуб буд ё бад, инро дигарон қазоват хоҳанд кард. Дар ин муддати тӯлонӣ барои ободонии мактаб, навсозиву таҷҳизонидани он, пешрафти таълиму тадрис, хусусан, гиромидошти забони модарӣ, фаҳмонидани афзалияти ба забони модарӣ таълим гирифтани фарзандон кӯшишҳое ба харҷ дода, аксаран муваффақ ҳам шудаам. Чандин нафар донишомӯзони мо дар озмунҳои фаннии забону адабиёти тоҷик дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ дастболо шуданд, даҳҳо тан аз онҳо дар донишгоҳҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ таҳсил гирифтаву мегиранд, чун мутахассисони варзида ба нафъи халқу ватан хидмат мекунанд...
Ва инак, аз вазифа сабукдӯш гардидам. Дар мавриди вожаи «сабукдӯш» андак таваққуф мекунем. Шояд бархе ба ин вожаи соф форсии тоҷикӣ, ки як навъ мақоми истилоҳи ҳуқуқӣ дорад, назари манфӣ дошта бошанд. Ман низ қаблан нисбати он чандон хушбин набудам. Аммо, бовар кунед, пас аз он ки чунин тасмим гирифтаму роҳбариро супурдам, воқеан ҳам худро хеле сабуку болидарӯҳ ҳис мекунам. Гӯё аз дӯшам як бори бағоят гарону сангин фуруд омадааст.
Дӯстам, омӯзгори донишманд Давлатбой Маҳмудов гоҳе як ҳикмати зайлро ба забон меоварад ба ин маънӣ, ки: «Аспи бидав ҳам бояд лаҳзаи бозистодану ором гирифтани худро донад, вагарна миёнашро лат хоҳад дод»...
Турдиқул ҲАСРАТОВ,
ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.