Дар гармии шадид корҳои берунаро аз соати 10:00 то 17:00 ташкил накунед

Инспекцияи давлатии меҳнат аз корфармоён даъват кард, ки дар рӯзҳои гармии ғайримуқаррарӣ ҳангоми ташкили корҳои беруна ва корҳои дастаҷамъона талаботи ҳифзи меҳнатро қатъиян риоя намоянд.

Ба таъкиди ниҳод, кори тӯлонӣ дар ҳавои кушод дар ҳарорати баланд метавонад боиси гармӣ задан, хушкшавии организм, осеб ба фаъолияти дилу рагҳо ва низоми асаб, инчунин дигар паёмадҳои ҷиддии саломатӣ гардад.
Тибқи моддаи 359 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва талаботи СанҚваН №0069-24, ҳарорати 36 дараҷа ва аз он боло дар майдонҳои кушод дар мавсими гарм ба шароити меҳнатии ниҳоят хатарнок мансуб дониста мешавад.
Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад:

- аз соати 10:00 то 17:00 дар майдонҳои кушод корҳои беруна ва чорабиниҳои меҳнатии дастаҷамъона баргузор карда нашавад;
- корҳои зарурӣ то соати 10:00 ё баъд аз 17:00, вақте ҳаво нисбатан салқин аст, ташкил карда шаванд.


Агар иҷрои корро ба вақти дигар гузоштан имконнопазир бошад, корфармоён бояд:

- реҷаи махсуси кор ва истироҳатро ҷорӣ намоянд;
- вақти кори кормандонро кӯтоҳ кунанд;
- онҳоро бо ҷойҳои сояафкан, оби нӯшокӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва ёрии аввалия таъмин созанд;
- вазъи саломатии кормандонро мунтазам назорат карда, дар сурати бад шудани аҳволашон онҳоро фавран аз кор боздоранд ва ёрии тиббӣ расонанд.


Инспекция таъкид мекунад, ки риоя накардани талаботи қонунгузории ҳифзи меҳнат ва фароҳам овардани шароите, ки ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид мекунад, мутобиқи қонун боиси ҷавобгарӣ мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: