Ду ҳавопаймои мусофирбар дар болои уқёнуси Атлантик қариб ба ҳам бархӯрданд

Ду ҳавопаймои мусофирбар, ки дар самтҳои муқобил бар фарози уқёнуси Атлантик парвоз мекарданд, ба ҳолати хатарноки наздик ба бархӯрд дучор шуданд. Дар ин бора BILD хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса 10 июли соли равон дар ғарби ҷазираҳои Канарӣ рух додааст. Ҳавопаймои Airbus A321-и ширкати ҳавопаймоии Iberia ва Boeing 787-и ширкати Air Europa дар як баландии парвоз ва дар самтҳои муқобил ҳаракат мекарданд.
Ҳавопаймои Iberia аз шаҳри Ресифи (Бразилия) ба Мадрид ва ҳавопаймои Air Europa аз Мадрид ба Сан-Паулу парвоз доштанд. Ҳарду дар баландии тақрибан 11 ҳазор метр қарор доштанд.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани хатари бархӯрд, системаи автоматии пешгирии бархӯрди ҳавоӣ (TCAS) фаъол шуд. Ин система ба экипажи ҳавопаймои Iberia дастур дод, ки баландиро кам кунанд, ва ба халабонони Air Europa супориш дод, ки баландтар парвоз намоянд.
Дар натиҷа, Airbus A321 тақрибан 150 метр поён ва Boeing 787 тақрибан 120 метр боло рафт. Бо ин роҳ хатари бархӯрд пурра бартараф гардид.
Ҳарду ҳавопаймо парвози худро идома дода, бехатар ба фурудгоҳҳои таъиноташон расиданд.
Комиссияи тафтишоти садамаҳои ҳавопаймоии Испания таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардааст. Интизор меравад, ки комиссия муайян кунад, чӣ гуна ин ду ҳавопаймо дар як фазои ҳавоӣ, дар як баландии парвоз ва дар самтҳои муқобил қарор гирифта буданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: