Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Тавре Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ хабар медиҳад, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ноҳияи Шайхонтоҳури Раёсати назди Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти фаврӣ гузаронида шуд.
Зимни амалиёт шаҳрвандон М.А., М.А. ва Б.Б. ҳангоми кӯшиши фурӯхтани 10 ҳазор доллари ИМА ва 20 миллион сӯми қалбакӣ ба шаҳрванд Б.Л. ба маблағи 14 миллион сӯм, инчунин 10 ҳазор доллари қалбакии ИМА ба шаҳрванд У.А. ба маблағи 8,4 миллион сӯм бо далелҳои шайъӣ дастгир шуданд.
Вобаста ба ин ҳолат бо моддаи 176 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (тайёр кардан, нигоҳ доштан, интиқол ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ, тамғаҳои аксизӣ ё коғазҳои қиматнок) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.