Ҳафтаи гузашта сокинони Ӯзбекистон гармои шадиди ғайримуқаррариро аз сар гузарониданд. Дар авҷи гармӣ ҳарорати ҳаво ба 43–45 дараҷа, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва биёбонӣ бошад, то 46–49 дараҷа расид.
Тибқи иттилои Ӯзгидромет, аз дирӯз дар ноҳияҳои шимолу ғарбии ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво оғоз шудааст. Имрӯз ҳарорат дар минтақаҳои биёбонӣ коҳиш меёбад ва аз 21 июл ин раванд тамоми қаламрави кишварро фаро мегирад.
Аз 20 то 24 июл дар саросари ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва қисман абрнок буда, асосан бебориш пешбинӣ мешавад. Танҳо 21 июл дар Қарақалпоқистон ва 22 июл дар баъзе ноҳияҳои водии Фарғона боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ эҳтимол доранд.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ низ дар баъзе мавзеъҳо боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шудааст.
Имрӯз ҳарорати ҳаво рӯзона 40–43 дараҷа, дар ҷануб то 45–47 дараҷа ва дар шимоли кишвар 34–39 дараҷа мешавад.
Аз 21 июл то охири ҳафтаи корӣ ҳарорати шабона то 20–25 дараҷа ва рӯзона то 32–37 дараҷа, дар баъзе минтақаҳо то 30 дараҷа паст мешавад.
Рӯзҳои 20–22 июл дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ суръати шамол то 13–18 метр дар як сония афзуда, дар баъзе мавзеъҳо вазиши шамол то 20–22 метр дар як сония мерасад.
Дар шаҳри Тошканд ҳаво камабр ва қисман абрнок буда, бориш дар назар нест. Имрӯз ҳарорати рӯзона 41–43 дараҷа, фардо шабона 25–27 дараҷа ва рӯзона 36–38 дараҷа мешавад.
Аз 22 то 24 июл ҳарорати шабона то 20–23 дараҷа ва рӯзона то 31–34 дараҷа паст хоҳад шуд.
Шамол шарқӣ буда, баъдан ба ғарбӣ тағйир меёбад ва суръати он 3–8 метр дар як сония хоҳад буд. Баъзан суръати шамол то 12–15 метр дар як сония афзуда, дар баъзе ноҳияҳо бо чангу ғубор ҳамроҳӣ мекунад.