Олимон дар сайёраи берун аз системаи офтобӣ атмосфераеро кашф карданд

Олимонони амрикоӣ дар сайёраи берун аз системаи офтобӣ атмосфераеро кашф карданд, ки шояд минтақаи зист бошад.

Қайд карда мешавад, ки сайёраи "LHS 1140 b" тақрибан 48 соли рӯшноӣ аз Замин ҷойгир аст ва дар атрофи ситораи хурди сард давр мезанад.
Гелий дар атмосфераи он кашф шудааст. Гарчанде ки худи ин газ мавҷудияти ҳаётро нишон намедиҳад, олимон ин кашфиётро қадами муҳим дар ҷустуҷӯи ҷаҳони зистӣ берун аз системаи офтобӣ мешуморанд.

С. Раҳимов, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: