Имрӯз интернети бесим (Wi-Fi) ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии мо шудааст. Аз кору таҳсил то муоширату фароғат – ҳама ба шабакаи устувори интернет вобаста аст. Аммо на ҳама медонанд, ки баъзе ашёи оддии хона метавонанд сабаби суст шудани сигнали Wi-Fi шаванд.
Тавре нашрияи BBC менависад, илова ба деворҳои ғафс, омилҳои ғайриоддие низ мавҷуданд, ки ба сифати сигнали интернет таъсир мерасонанд.
Яке аз чунин омилҳо танӯри микроволновӣ мебошад. Бисёре аз роутерҳо дар басомади 2,4 гигагерс кор мекунанд ва микроволновка низ барои гарм кардани ғизо аз ҳамин басомад истифода мебарад. Агар дастгоҳ кӯҳна бошад ё муҳофизати он суст шуда бошад, мавҷҳои он метавонанд ба кори шабака халал расонанд.
Аквариум низ метавонад сабаби суст шудани интернет гардад. Об мавҷҳои радиоро ҷаббида, қувваи онҳоро кам мекунад. Агар байни роутер ва дастгоҳи шумо аквариуми калон ҷойгир бошад, эҳтимоли пайдо шудани минтақаҳои «бе сигнал» зиёд мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон, оинаҳои калон, телевизорҳои экрани ҳамвор ва ҳатто баъзе конструксияҳои металлии деворҳо низ метавонанд мавҷҳои Wi-Fi-ро инъикос карда, сифати алоқаро коҳиш диҳанд.
Аз мушкилоти дигар деворҳои бетонӣ ва хиштӣ мебошанд. Чӣ қадаре ки байни роутер ва дастгоҳи истифодабаранда монеа бештар бошад, ҳамон қадар сигнал заифтар мерасад.
Муаллифони мақолаи BBC таъкид мекунанд, ки ҷойгиркунии дурусти роутер метавонад таъсири калон дошта бошад. Беҳтар аст онро дар маркази хона ва дар ҷойи баланд гузошт. Агар хона калон бошад, истифодаи тақвиятдиҳандаи сигнал (Wi-Fi Extender) ё системаи Mesh Wi-Fi натиҷаи беҳтар медиҳад.
Ҳамчунин обу ҳавои шадид, аз ҷумла барфи зиёд, сармои сахт ё гармии ғайримуқаррарӣ, метавонад ба инфрасохтори шабакаҳои интернет таъсир расонад ва боиси суст шудани алоқа гардад.
Ҳамин тавр, агар интернети хонаатон ногаҳон суст шавад, пеш аз шикоят кардан аз провайдер, ба атроф назар андозед. Эҳтимол сабаби мушкил на дар шабака, балки дар микроволновка, аквариум ё ҷойгиршавии нодурусти роутер бошад.